Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба таҳқиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин пардохт


СММ далелҳои ҳалокати мардуми осоишта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар чанд кишварро тафтиш мекунад.

Ҳуқуқдони бритониёвӣ ва гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар ва муқовимат бо терроризм Бен Эмирсон, ки сарварии гурӯҳи тафтишотиро бар ӯҳда дорад, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, дар меҳвари тафтиш, аз ҷумла, ҳодисаҳои зарбаҳои маргбор дар Покистон, Афғонистон, Фаластин ва Сомаливу Яман хоҳад буд. Қарор аст рӯи 25 зарбаи мушакӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин тамаркуз шавад, ки яке аз онҳо дар соли 2011 мунҷар ба ҳалокати тақрибан 40 сокини осоиштаи Покистон шуда буд. Бар пояи хабарҳо, шурӯъ аз соли 2004 ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қаламрави Покистон беш аз 400 бор мушак андохтаанд.

Бен Эмирсон мегӯяд, ки онҳо мавзӯи то куҷо дар чаҳорчӯби қонун будани истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва зарурати масъулияту пардохти ҷубронпулӣ дар сурати истифодаи ғайриқонунии ин ҳавопаймоҳоро ҳам тафтиш хоҳад кард. Ӯ хабар дод, ки мақомоти Бритониё барои ҳамкорӣ дар тафтишот розӣ шудаанд ва умедвор аст, ки дар Вошингтон ба онҳо пайравӣ мекунанд.

Қарор аст, ки натиҷаҳои тафтишот моҳи октябри соли равон дар ихтиёри Маҷмааи умумии СММ гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG