Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД ҳамкории кормандашро бо нашъаҷалобон рад кард


Вазорати корҳои дохилӣ даст доштани кормандашро дар ҳамкорӣ бо гуруҳҳои нашъаҷаллоб рад мекунад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 23 - юми январ бо пахши як баёниё хабари Оҷонсии зидди маводи мухадир дар мавриди боздошти як корманди Раёсати муҳофизати Вазорати корҳои дохилиро рад кард. Ин ниҳод аз қавли сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД мегӯяд, ки шахси дастгиршуда, собиқ корманди Шӯъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»- дар ноҳияи Фирдавсӣ, сержанти милитсия Наботов Наҷмиддин мебошад, ки айни ҳол дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият надорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш Оҷонсии мубриза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зимни як амалиёти густарда дар пойтахт гурӯҳи қочоқбаронро боздошт намудаанд ва яке аз аъзои он корманди ВКД будааст. Оҷонсӣ мегӯяд аз ин гуруҳ дар маҷмӯъ ҳудуди 40 бастаи маводи мухаддирро ошкор ва мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG