Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райъгирии Шӯрои Амният дар масъалаи Кореяи шимолӣ


Ба гуфтаи дипломатҳо, Шӯрои Амнияти СММ рӯзи сешанбе ба тарҳи қатъномае, ки Кореяи шимолиро барои партоби мушаки моҳвораияш дар моҳи декабр маҳкум мекунад, раъй медиҳад. Ин қатънома ба ташдиди таҳримоти кунунӣ алайҳи Пхенян низ даъват мекунад. Дипломатҳо мегӯянд, Чин ва Амрико бар сари матни қатънома тавофуқ кардаанд. Тарҳи тавофуқшуда таҳримоти наверо дар назар надорад, вале ба рӯйхати таъсисоти таҳримшудаи Кореяи шимолӣ хоҳад афзуд. Ҳимояти Пекин ҳокист, ки Чин мавқеъи пуштибонии анъанавиаш аз режими Кореяи шимолиро бозбинӣ мекунад. Ин нахустин қатънома дар 4 соли охир аст, ки таҳримоти зидди Пхенянро шадидтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG