Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ифтитоҳ шуд


Зубайдулло Зубайдов
Зубайдулло Зубайдов
Имрӯз сафорати Тоҷикистон дар Кувайт расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ба Радиои Озодӣ хабар дод ва афзуд, ки рӯзи аввали кор ӯ бо масъулини вазорати умури хориҷии Кувайт дидору гуфтугӯ дошт. Ба гуфтаи сафир, айни ҳол кормандони сафорат дар меҳмонсарои “Holyday Enn” кор мекунанд ва аммо ба зудӣ барои сафорат бино интихоб хоҳанд кард.

Зубайдулло Зубайдов афзуд, ки дипломатҳои тоҷик барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин кишвари арабӣ талош мекунанд. Дар нимаи аввали сол баргузории нишасти комиссиюни байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар назар аст. Ҳамчунин қарор аст, ки тайи ним соли наздик нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт баргузор шавад.

Дирӯз Зубайдулло Зубайдов бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Покистон худоҳофизӣ кард. Ӯ чандин сол сафири Тоҷикистон дар ин кишвар буд. Зубайдулло Зубайдов ҳамчунин сафири ғайримуқим дар кишвари Қатар аст.
XS
SM
MD
LG