Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дима Яковлев" боиси низои ду ҳунарманди рус шуд


Сергей Никитин ва хонумаш Татяна
Сергей Никитин ва хонумаш Татяна
Оҳангсоз ва овозхони маъруфи рус Сергей Никитин ба нишони эътироз аз ширкат дар консерти ҷашнии алтнавози машҳур Юрий Башмет сарпечӣ кард.

Дар саҳифаи худ дар Facebook Сергей Никитин дар ташреҳи эътирозаш навишт, ки Юрий Башмет аз қонуни "Дима Яковлев" - манъи фарзандхонии кудакони рус аз сӯи амрикоҳо пуштибонӣ ва аз раисиҷумҳур Владимир Путин “барои посухи муносиб додан ба сардорони амрикоӣ” ситоиш кардааст.

24 январ Юрий Башмет 60-умин зодрӯзи худро таҷлил мекунанд ва ба ин муносибат дар Маскав консерти ҷашнӣ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG