Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёт барои раҳоии гаравгонон дар Алҷазоир


Амалиёт барои раҳоии гаравгонон дар як корхонаи коркарди газ дар Алҷазоир ба рӯзи чаҳоруми худ ворид шуд. Нерӯҳои давлатии Алҷазоир қисмати зиёди корхонаро аз дасти гаравгонгирони шарики Ал-Қоида озод кардаанд, аммо теъдоде аз онҳо, ки бақияи гаравгононро дар асорат доранд, дар баъзе аз биноҳои корхона паноҳ бурдаанд. Ҳукумати Алҷазоир мегӯяд, зимни раҳоии гаравгонон, 12 алҷазоирӣ ва хориҷӣ кушта шудаанд. Тундравони исломӣ кормандони ин корхонаро рӯзи 16 январ гаравгон гирифтанд ва амалиёт алайҳи онро рӯзи 17-уми январ шурӯъ шуд. Ба гуфтаи расонаҳои алҷазоирӣ, 18 гаравгонгирро низ нобуд кардаанд. Садҳо нафар кормандони маҳалливу хориҷии корхона зимни амалиёт озод шуданд, вале худи тундравон мегӯянд, 35 гаравгонро куштаанд. Амрикову Фаронса таъйид карданд, як нафарӣ аз шаҳрвандонашон кушта шудаанд. Ба гуфтаи Амрико дар миёни 30 гаравгони нопадидшуда, шаҳрвандони он кишвар ҳам ҳастанд.
XS
SM
MD
LG