Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон дар талошҳояшон барои таъсиси Афғонистоне, ки мустақилона амнияти худро таъмин кунад, ба “фасли охирин” расидаанд. Леон Панетта рӯзи панҷшанбе зимни истиқболи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар Пентагон ҳамчунин таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида баъди тарки ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014, ҳамчунон ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард. Қарор аст, Ҳомиди Карзай ҳамчунин бо Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷӣ ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, низ дидору гуфтӯгу кунад. Афғонистону Амрико ҳоло сари созишномае музокирот доранд, ки нақши сарбозони Амрикоро, ки баъди соли 2014 барои омӯзишу тамрини нерӯҳои маҳаллӣ ба Афғонистон меоянд, муайян мекунад.