Полиси Покистон мегӯяд, дар натиҷаи таркиш дар як макони серодами шаҳри ҷанубуи ғарбии Кветта камаш 11 нафар кушта шудаанд. Ба қавли хабарнигори Радиои Озодӣ бар асари таркиш дар назди посгоҳи низомии майдони Бачахони Кветта тахминан 30 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфти полиси маводи таркандаро дар зери мошини гурӯҳи ниманизомӣ ҷой дода буданд. Артиши Муттаҳаидиа Балуҷистон масъулияти таркишро бар дӯш гририфтааст. Кветта-маркази Балуҷистони Покистон, чандин сол инҷониб бо ошӯбҳои миллатгароҳои балуҷ рӯ ба рӯ мебошад. Ошӯбгарон мухторияти бештар ва саҳми бештар дар тақсими захираҳои табии ин қисмати Покистонро талаб доранд.