Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтишҳои ногаҳонии вазир ва ошкори камбудиҳо дар ВУД


Вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январ ба ҷузъҳои зертобеаш ғайримунтазира ташриф оварда, вазъи онҳоро мавриди тафтиш қарор додааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки санҷишҳои вазири корҳои дохилӣ ва муовинонаш дар қисмҳои ҳарбии 3502, 6592 ва 5453 -и Раёсати нерӯҳои дохилӣ сурат гирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ин санҷиши ногаҳонӣ, як қатор камбудиҳои вобаста ба тақсимоти амволи шайъӣ, таъминоти ғизо ва тозагии атрофи қисмҳои ҳарбӣ ошкор карда шуд.

Дафтари матбуоти ВУД мегӯяд худи ҳамон рӯз, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, бо роҳбарияти Раёсати нерӯҳои дохилӣ ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ҷаласа доир гардида, дар рафти он фармондеҳон огоҳӣ гирифтаанд, то минбаъд ба чунин қамбудиҳо роҳ надиҳанд.
XS
SM
MD
LG