Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи собиқ вазири гурҷӣ сабуктар шудааст


 Ираклӣ Окруашвилӣ
Ираклӣ Окруашвилӣ
Идораи додситонии кулли Гурҷистон эълон кард, ки ду бахши иттиҳоми собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Ираклӣ Окруашвилӣ лағв шудааст. Рӯзи сешанбе дар пойтахти Гурҷистон сухангӯи идораи додситонии кулл Теймураз Микаберидзе гуфт, иттиҳоми сӯиистифода аз мансаб ва соҳибкории ғайриқонунӣ лағв шуда, ду иттиҳоми дигар: яке-ташкили гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст, ва дигаре: беэътиноӣ ба вазифа, ҳоло мавриди таҳқиқ қарор доранд. Окруашвилӣ моҳи ноябр баъди ҳиҷрати панҷсола ба ватанаш баргашта, фавран ба ҳабс гирифта шуд. Соли 2007-ум вақте ӯ аз Гурҷистон хориҷ шуд, ӯро бо фасод ва ташкили гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ муттаҳам намуда, дар ғиёб ба 11 соли ҳабс маҳкум карданд. Окрушавилӣ ба Гурҷистон вақте баргаштааст, ки ҳукумати нав сари қудрат омада, бар зидди собиқ мансабдорони вазорати корҳои дохилии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
XS
SM
MD
LG