Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониҳо дар маросими таҷлил аз Соли Нав дар Обидҷон


Дар варзишгоҳи Обидҷон-бузургтарин шаҳри Кот- д'Ивуар дар маросими таҷлил аз Соли Нав тақрибан 60 нафар кушта, ҳудуди 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳангоми тамошои оташакбозӣ одамон тагурӯ шудаанд ва зери пой мондаанд.

Дар маросими таҷлил аз Соли Нав дар варзишгоҳ одамони зиёд ҷамъ шудаанд. Одамони кушташуда ва маҷрӯҳ аслан кӯдакону ҷавонони то 15 сола будаанд.

Гурӯҳҳои наҷот баъд аз ду соати ҳодиса ба варзишгоҳ омадаанд ва дигар барои наҷот вақт аз даст рафта буд.
XS
SM
MD
LG