Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ табиби маҳбаси Магнитскийро бегуноҳ номид


 Дмитрий Кратов-афсари тиббии маҳбасе, ки дар он Магнисткий ба ҳалокат расидааст
Дмитрий Кратов-афсари тиббии маҳбасе, ки дар он Магнисткий ба ҳалокат расидааст
Додгоҳи Маскав айбномаи собиқ табиби маҳбасро, ки бо марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитский дар соли 2009-ум муттаҳам мешуд, беасос мешуморад. Дмитрий Кратов ягона фарде мебошад, ки дар иртибот бо ин марг мавриди муҳокима қарор гирифт. Рӯзи ҷумъа додгоҳ хулосаи додситон Дмитрий Боковро ироа кард, ки мегӯяд, ҳеҷ шаҳодате нест, ки Кратов ҷиноят содир карда аст ва ё нодидагирии вазъи саломатии Магнитский аз тарафи Кратов сабаби марги Магнитский шуда бошад. Магнитский аз ҳепатит, бемории қанд ва дил азият мекашид. Аъзои оилаи Магнитский мегӯянд, ҳукми додгоҳ сохтакорона аст. Дар соли 2011-ум Шӯрои ҳуқуқи башари назди идораи раёсатҷумҳурии Русия хулоса карда буд, ки Магнитский аз зарбу лат дар маҳбас ва нодидагирии вазъи саломатии ӯ тарафи табибони маҳбас ҳалок шудааст. Ба қавли ҳамкоронаш Магнитский ғорати 230 миллион доллар аз тарафи мансабдорони русро кашф карда буд.
XS
SM
MD
LG