Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биловал ҳам пой ба роҳи модараш Беназир гузошт


Биловал дар расми солгарди панҷуми қатли модараш
Биловал дар расми солгарди панҷуми қатли модараш

Писари 24-солаи Беназир Бҳутто пой ба майдони сиёсати Покистон мегузорад.

Биловал Бҳутто –Зардорӣ – писари сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто ва раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Осифалӣ Зардорӣ - дирӯз, дар солгарди панҷуми қатли модараш аз оғози фаъолияти сиёсии худ дарак дод.

Биловали 24-сола, ки намояндаи насли севуми хонаводаи Бҳутто дар арсаи сиёсии Покистон аст, рӯзи 27 декабр дар ҷамъи ҳазорон нафар дар Гажҳи Худобахш, ки оромгоҳи аҷдодии онҳо дар вилояти Синд аст, нахустин суханронии бузурги сиёсиашро эрод кард. Биловал Бҳутто дар ин суханронии хеле пурэҳсос гуфт, муборизаи хонаводааш алайҳи, ба гуфтаи ӯ «нирӯҳои зидди демократия»-ро идома хоҳад дод: «Мо ҳама вориси Бҳуттоем. Агар шумо як Бҳутторо куштед, инҷо аз ҳар хона як Бҳуттои дигар бармехезад.»

Хонаводаи Бҳутто аз сулолаҳои пурнуфузи сиёсӣ дар Покистон аст. Бобои Биловал – Зулфиқор Алӣ Бҳутто дар солҳои 70 ибтидо ду сол раисиҷумҳур ва сипас тайи 4 сол сарвазири Покистон буд. Ӯ соли 1977 дар пайи як табаддулоти давлатӣ ба зиндон кашонда шуда, бо ҷурми даст доштан дар як қатли сиёсӣ ҳукми эъдом гирифт ва 4 апрели соли 1979 қатл шуд.


Духтари ӯ Беназир Бҳутто, ки роҳи падарро идома дод, дар поёни солҳои 80 ва миёнаи солҳои 90 ду дафъа сарвазири Покистон шуд. Ӯ дар ҷаҳони Ислом нахустин зане буд, ки ба раҳбарии ҳукумат расид. Вале баъди шикасти ҳизбаш дар интихоботи соли 1997 ва бо ҷурми фасод маҳкум ба зиндон шудани шавҳараш Осиф Алӣ Зардорӣ, Беназир Бҳутто тарки Покистон кард ва то оғози соли 2007, яъне тамоми давраи ҳукумати генерал Парвиз Мушарраф, дар ҳиҷрат ба сар бурд. Ӯ 5 сол пеш бо азми қотеъи ширкат ва пирӯзӣ дар интихобот ба Покистон баргашт, вале 27 декабри соли 2007 дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар пеши чашми ҳазорон нафар аз аҳли як раҳпаймоии сиёсӣ дар Ровилпиндӣ – макони ситодҳои низомии Покистон - кушта шуд. То ҳол касе барои ин куштор маҳкум нашудааст.

Биловал Бҳутто-Зардорӣ, ки дар раҳпаймоии рӯзи 27 декабр дар канори падараш – раисиҷумҳури кунунии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ -меистод, аз мақомот талаб кард, то масъулони қатли модарашро пайдо ва муҷозот кунанд: «Ман вориси Зулфиқор Алӣ Бҳуттои шаҳидам, ман писари Беназир Бҳуттои шаҳид ҳастам. Ман аз шумо мепурсам: Чаро қотилони модари ман, ки боздошт шудаанд, ба сазояшон намерасанд?»


Осифалӣ Зардорӣ
Осифалӣ Зардорӣ
Осиф Алӣ Зардорӣ ҳам бо хитоб ба издиҳоми гирдиҳамомада гуфт, фурсате фаро расида, ки Биловал дар зодгоҳаш – Покистон – ҷойгоҳи худро пайдо кунад: «Ман имрӯз эҳсоси ифтихор мекунам, ки набераи Зулфиқор Алӣ Бҳуттои шаҳид ва фарзанди ману Беназир Бҳутто ва хидматгори шумо инҷо дар миёни шумост. Алҳамдулиллоҳ, ӯ таҳсилашро хатм кард, вале ҳоло вақти тарбияи сиёсии ӯ ва мондани ӯ дар Покистон дар байни мардум ва омӯхтанаш аз ин мардум фаро расидааст. Ӯ бояд Покистон ва мардумашро, ки шумоед, хуб омӯзад.»

Биловал ҳамраиси ҳизби ҳокими мардумии Покистон (РРР) аст, вале ба маҳзи синнаш, ки каме ҷавонтар аз лимити муқарраршудаи 25-солагист, ҳаққи ширкат дар интихоботи соли ояндаро надорад. Бо ин ҳама, ӯ як қартаи муҳими РРР дар ин корзори интихоботӣ дониста мешавад. Биловал Бҳутто-Зардорӣ баъди кушта шудани модараш муовини раиси ҳизби мардумӣ интихоб шуд, вале то кунун дар ҳизб бештар нақши пушти пардаро дошт, зеро дар донишгоҳи Оксфорди Бритониё таҳсил мекард.

Аз Беназир Бҳутто ба ғайри Биловал ду духтар – Бахтовар ва Осифа – мондааст. Бахтовар 22 сол дошта, дар борааш маълумоти зиёде дастрас нест. Фақат ин ки Бахтовар низ мисли модараш рӯймол мебандад ва ба ёди ӯ таронае ҳам дар сабки рок иҷро кардааст. Аммо Осифа – духтари хурдии Беназир Бҳутто ва Осиф Алӣ Зардорӣ – 19 сол дошта, феълан дар Дубай таҳсил мекунад ва ба навиштаи расонаҳо, азм дорад дар оянда мисли бобову модари кушташудаашу падари феълан президент ва бародараш, ки тоза пой ба майдони сиёсат мегузорад, низ ҳамин касби аҷдодиашон, яъне сиёсатро пеша кунад.
XS
SM
MD
LG