Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварии Беназир Бҳутто дар Покистон


Юсуф Алӣ Зардорӣ дар маросими қабули маснади раёсати ҷумҳурӣ, 9-уми сентябри соли 2008
Юсуф Алӣ Зардорӣ дар маросими қабули маснади раёсати ҷумҳурӣ, 9-уми сентябри соли 2008

Ҳазорҳо одамон дар сари гӯри собиқ сарвазири Покистон, ки соли гузашта бар асари як суиқасд ба ҳалокат расида буд, ҷамъ шуданд.

Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи кишвар 27-уми декабри соли гузашта баъди бардоштани захмҳои вазнин ҳангоми инфиҷори як бумб ҳангоми ҳамоиши тарафдорони ӯ дар шаҳри Равалпиндӣ даргузашт. Аз ин инфиҷори маргталабона боз 20 нвфари дигар ба ҳалокат расида, садҳо нафар шадидан захмӣ шуда буданд.

Дабири кулли СММ Пан Гӣ Мун дар изҳороти ахири худ, ки ба марги ин сиёсатмадори машҳури ҷаҳон бахшида шудааст, аз ҷумла, изҳори умед кард, кумисиюни таҳқиқи ин ҳодисаи нангин дар замони наздик ташкил гардад, то барои барқарор кардани «ҳақиқат ва адолат» мусоъидат намояд.

Ҳукумати Покистон эълом намуда буд, ки дар паси ин куштор «ал-Қоъида» меистад. ИН ҳам дар ҳолест, ки ба гумони даст доштан дар ин куштор 5 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд, вале то ҳанӯз касе аз онҳо маҳкум нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир ин кишвар ҳанӯз ҳам натиҷаи сиёсии он кушторро эҳсос мекунад.

Осиф Зардорӣ, ҳамсари Б. Бҳутто, ки ахиран Парвиз Мушаррафро дар маснади раисҷумҳурӣ иваз намудааст, аз уҳдаи масоъиле, ки Покистон рӯбарӯ мешавад (силоҳбадастони исломӣ ва поинравии иқтисод), бо душворӣ мебарояд. Гузашта аз ин, вазъ бо афзудани ташаннуҷ байни Ҳиндустон ва Покистон баъди ҳаводиси ахири Мумбай печидатар мешавад.
XS
SM
MD
LG