Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: Димишқ аз мушакҳои "Скад" истифода мекунад


НАТО ба марзи Сурия Patriot мефристад
НАТО ба марзи Сурия Patriot мефристад
Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, рӯзи ҷумъа тайид кард, ки мақомоти Сурия алайҳи ошӯбгарон аз мушакҳои “Скад” истифода мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, ин баёнгари “ноумедии режимест, ки оянда надорад”.

Раҳбари НАТО афзуд, истифодаи мушакҳои доираи амалашон миёна аз сӯи Димишқ бори дигар собит мекунад, ки тасмим дар бораи дар марзи Сурияву Туркия мустақар кардани маҷмааи зидди ҳамлаи мушакии Patriot дуруст аст.

Партоби мушаки “Скад” бори аввал дар ҷараёни ҷангии шаҳрвандӣ дар Сурия ба қайд гирифта шуд. Димишқ хабари истифода аз ин мушакро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG