Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оюланд: Муҷримони марги Магнитский бояд муҷозот шаванд


Вакили Парлумони Аврупо Кристина Оюланд изҳор намуд, ки манъи фарзандхонии кӯдакони русиягӣ аз сӯи амрикоиҳо – нақзи ҳуқуқи кӯдакон аст.

Дар мусоҳиба бо “Интерфакс” ӯ гуфтааст, шояд тайи ним соли оянда Иттиҳодияи Аврупо низ дар пайравӣ ба ИМА алайҳи мақомоти Русия, ки дар куштори Сергей Магнитский даст доранд, таҳримҳо марбут ба раводид ва мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкиро ҷорӣ кунад.

Хонум Оюланд афзудааст, тасмими ИМА барои мунҷамидсозиии ҳисобҳои афроди шомил ба “Феҳристи Магнитский” аз сӯи он бонкҳои аврупоӣ, ки бо ИМА созиш доранд, бечуну чаро иҷро хоҳад шуд. Ба гуфтаи вакили парлумон, барои ҷилавгирӣ аз ин Маскав метавонад афроди муттаҳам дар марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитский дар боздоштгоҳ дар соли 2009-ро ба додгоҳ кашад.

Қарор аст, ки имрӯз Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи манъи фарзандхонии атфол аз сӯи амрикоиҳоро тасвиб кунад. Ин тарҳи қонун – посух ба “Феҳристи Магнитский” мебошад, ки дар ИМА тасвиб шудааст ва муҷозоти афроди дар марги ҳуқуқшинос дастдоштаро дар назар дорад. Дар канори бинои Думаи давлатӣ мухолифини тарҳи қонун пикетҳо ташкил кардаанд
XS
SM
MD
LG