Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи президентии Кореяи Ҷанубӣ зан баранда шуд


Пак Ҷеун Ҳӣ ҳангоми ироаи нутқи пирӯзӣ
Дар интихоботи Кореяи Ҷанубӣ, ки рӯзи чаҳоршӯанбе баргузор шуд, Пак Ҷеун Ҳӣ-номзади ҳизби муҳофизакори «Сэнури» баранда шуд.

Баъд аз шумориши 80 дарсади орои интихобкунандагон Мун Ҷе Ин-рақиби хонум Пак Ҷеун Ҳӣ аз Ҳизби муттаҳидаи демократӣ бохти худро эътироф кард.

Бино ба маълумоти Кумиссиюни марказии интихоботӣ хонум Пак Ҷеун Ҳӣ-духтари Пан Ҷон Ҳӣ-диктатори пешини Кореяи Ҷанубӣ 52 дарсади ороро ба даст овардааст. Мун Ҷе Ин 48 дарсад рай гирифтааст.

То ҳол боре дар таърихи Кореяи Ҷанубӣ зан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ нарасида буд.

Дар интихобот шумораи зиёди интихобкунандагон ширкат кардаанд. Дар маъракаи қаблазинтихоботӣ бештар масъалаҳои иқтисодӣ ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ ҷалби таваҷҷуҳ мекарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG