Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Маскав нишасти раҳбарони СПАД баргузор мешавад


Яке аз нишастҳои СПАД дар Маскав (акс аз бойгонӣ)
Яке аз нишастҳои СПАД дар Маскав (акс аз бойгонӣ)
Имрӯз дар Маскав иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии ОДКБ ё Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

Дар он президентҳои кишварҳои узв-Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Русия гуфтааст, дар ин иҷлос доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи байналмиллаӣ ва такмили низоми амнияти дастаҷамъии кишварҳои узв, аз ҷумла муқобила бо таҳдидҳои нав, густариши ҳамкориҳои низомии ин кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Қарор аст дар ин иҷлос ҳамчунин узвияти Узбакистон дар ин созмон баррасӣ шавад. Моҳи июни соли ҷорӣ Узбакистон ба нишонаи эътироз аз ин созмон хориҷ шуд ва гуфт, ки дар ин созмон кишварҳои узв мустақил набуда ва аз имтиёзҳои баробар бархӯрдор нестанд. Узбакистон бар ин ақида аст, ки ин созмон бештар зери нуфузи Русия қарор дорад.

Дар остонаи иҷлоси имрӯзи Маскав Сеогей Лаваров-вазири корҳои хориҷаи Русия 17 декабр аз Тошканд боздид кард, то Узбакистонро ба нармиш водор кунад ва барои Узбакистон дар ин созмон мақоме қоил шаванд.

Дар иҷлоси имрӯз раёсати давраии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Қазоқистон ба Қирғизистон мегузарад.
XS
SM
MD
LG