Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Харков сӯхторро хомӯш карданд, 4 нафар ҷон бохтанд


Дар шаҳри Харкови Украина сӯхторро дар як хонаи 16 табақаӣ хомӯш кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин сӯхтор аз таркиши балони газ рух додааст.

Геннадий Тюрин-додситони минтақа гуфтааст, дар сӯхтор 4 нафар ҷон бохтаанд. 3 нафари онҳо аъзои як хонавода будаанд. 4 нафари дигар ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Таркиш дар табақаи 10 хона рух додааст, Як бахши девор фурӯ рехтааст. Баъзе хонаҳо дар табақаҳои 9, 10 ва 11 аз таркиш ва сӯхтор осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG