Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози муштариён аз фурӯши амволи "Мовароуннаҳр"


Акс аз ҷойи ҳодиса
Акс аз ҷойи ҳодиса

Даҳҳо тан аз муштариёни ширкати сохтмонии "Моваруннаҳр" ба нишони эътироз дар назди бинои Додгоҳи олӣ ҷамъ омаданд.

Имрӯз, 15-уми декабр, даҳҳо тан аз муштариёни ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" дар назди бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷамъ омада, лағви қарори Вазорати адлия дар бораи фурӯши амволи ин ширкатро тақозо намуданд.

Хабарнигори "Озодӣ", ки аз лаҳзаҳои аввал эътирози муштариёни "Мовароуннаҳр"-ро назорат мекард, гуфт, дар назди бинои Додгоҳи олӣ беш аз сад нафар ҷамъ омада буданд. Муштариёни ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфтаанд, талаб доранд, ки моликияти ширкат аз ҳабс озод ва қарор дар бораи фурӯши биноҳои нимтамомаш бекор карда шавад.

Муштариёни норозии "Мовароуннаҳр" мехоҳанд, ин ширкат худаш сохтмони биноҳоро ба итмом расонда, муштариёнро бо манзил таъмин созад. Онҳо мухолифи қарори Вазорати адлияанд, ки ният дорад, биноҳои нимтамомро фурӯшаду маблағи муштариёнро бозгардонад.

Ҳафтаи гузашта Тӯрабек Охунов, раиси кунунии ширкати "Мовароуннаҳр" ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки манзилҳои нимасохти ин ширкатро, ки Додгоҳи олӣ ҳабс карда буд, вазорати адлия ба фурӯш гузоштааст.

Тӯрабек Охунов, бародари раиси пешини ширкат Ҷӯрабек Охунов, афзуд, пас аз гуфтушунид бо Вазорати адлия, як моҳ аз тарафи ин ниҳод муҳлат дода шуд, ки масъалаи фурӯхтан ва ё идомаи сохтмони манзилҳои истиқоматиро бо муштариёни худ ҳаллу фасл кунанд.

Вазорати адлия аз ҷумла аз ширкати "Мовароуннаҳр" тақозо кардааст, бо муштариёне, ки теъдодашон ба беш аз 500 нафар мерасад, ин масъаларо рӯшан намоянд, ки тарафдори пас гирифтани маблағи пардохтаашон мебошанд ё ҷонибдори соҳиби манзил шудан ҳастанд.

Дафтари матбуоти Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, ки ин тасмим пас аз муроҷиати хатии бархе аз сокиноне, ки барои харидории манзили зист ба ширкати «Мовароуннаҳр» чанд дарсади ҳаҷми арзиши манзилро пардохтаанд ва ҳоло мехоҳанд маблағи худро пас гиранд, гирифта шудааст.

Аммо Тӯрабек Охунов мегӯяд, ки аксари кулли муштариён ҷонибдори пас гирифтани маблағҳояшон нестанд ва мехоҳанд, ки сохтмонҳои ниматамом пурра анҷом дода шуда, онҳо соҳиби манзили зисти худ шаванд. Ба қавли Тӯрабек Охунов, аллакай ҳудуди 450 тан аз муштариёни ширкат расман мактуб пешниҳод кардаанд, ки тарафдори соҳиби манзили зист шудан ҳастанд.

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010-ум боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011-ум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон, дастгир шуда буд.

Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин муҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010-ум ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов каме бештар аз 7 соли дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG