Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштариёни "Мовароуннаҳр": Амволи Охуновро нафурӯшед


Муштариёни ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"
Муштариёни ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"

Садҳо муштарии ширкати "Мовароуннаҳр" аз мақомот хостаанд, ки аз фурӯхтани амволи Ҷӯрабек Охунов даст бардоранд.

Муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр" аз Додгоҳи олии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ҳангоми иҷрои ҳукми раҳбари собиқи ин ширкат -- Ҷӯрабек Охунов аз фурӯхтани амволи ӯ даст бардоранд.

Дар ин нома, ки бо имзои 581 муштарии ин ширкат ба Додгоҳи олии Тоҷикистон расидааст, гуфта мешавад, бино ба ҳукми додгоҳ ба хотири ҷуброн кардани зарари аз "Мовароуннаҳр" ба мизоҷон воридшуда, биноҳои марбут ба ин ширкат фурӯхта мешаванд. Аммо муштариён мегӯянд, ин тасмим танҳо ба хотири баргардонидани зарари 48 нафар аст, дар ҳоле ки теъдоди онҳо – 581 нафар мебошад.

Онҳо дар муроҷиатномаи худ менависанд, ба ваъдаи раҳбарони додгоҳу додситонӣ, ки гуфта буданд, ширкати "Мовароуннаҳр" фаъолияташро идома дода, биноҳои нотамомашро бояд ба анҷом расонад, бовар надоранд. Ин муроҷиат имрӯз, 15-уми август, пас аз ба таъхир афтодани баррасии шикояти Ҷӯрабек Охунов, раҳбари маҳкумшудаи "Мовароуннаҳр" дар Додгоҳи олӣ, ки бояд 14-уми август баргузор мешуд, сурат мегирад.

Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010-ум боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011-ум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон, дастгир шуда буд.

Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин мӯҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010-ум ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов каме бештар аз 7 соли дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG