Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имдодталабии муштариёни "Мовароуннаҳр"


Беш аз 600 муштарии ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" бо ирсоли номае аз Маҷлиси Миллӣ кӯмак хостаанд.

Беш аз шашсад муштарии ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" аз Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии порлумон, хостаанд, то дар мавриди эълони "ҳукми одилона" нисбати Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ин ширкат, мусоидат намояд.

Дар ҳоли ҳозир аъзои Маҷлиси Миллӣ номаи муштариёни "Мовароуннаҳр"-ро барои санҷиш ба Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ ирсол кардаанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ муштариёни ин ширкати сохтмонӣ хабар доданд.

Ин нома дар ҳоле ба маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон ирсол шуда, ки қарор аст, базудӣ ҳукми Додгоҳи олӣ дар баробари Ҷӯрабек Охунов содир шавад. Ҳафтаи гузашта додраси Додгоҳи олӣ пас аз шунидани сухани охирини Охунов ба хонаи машваратӣ ворид шуд.

Ҷӯрабек Охунов дар нутқи охирини худ дар толори Додгоҳи олӣ мақомоти додситониро ба фасодкорӣ муттаҳам намуд. Вай дар назди муштариёни бешумори ширкати "Мовароуннаҳр" парвандаашро сохта донист ва гуфт, он замоне ба миён омад, ки рақобат дар бозори бунёди манзил зиёд гашт ва ширкати ӯ бо қарзҳои арзони ипотекӣ муштариёни бештарро ҷалб ва рақибонашро нороҳат кардааст.

Парвандаи Ҷӯрабек Охунов аз он лиҳоз сару садои зиёд дорад, ки ба сармояи зиёда аз 600 муштарии ширкати "Мовароуннаҳр" рабт мегирад. Онҳо борҳо талаб кардаанд, ки Охунов озод шавад ва бунёди манзилҳои ваъдашударо ба поён расонад. Барои пешбурди талабҳои худ муштариён як кумитаи шаҳрвандиро низ таъсис додаанд.
Кумитаи шаҳрвандии "Мовароуннаҳр"
Кумитаи шаҳрвандии "Мовароуннаҳр"
Узви ин кумита Маҳбуба Давлатова мегӯяд, се сол пеш маблағҳои аз муҳоҷират овардаашонро барои харидории манзил ба ин ширкат дод ва акнун на пул дораду на манзил: "Ҳозир ҳамин одам ваъда додаст, ки ҷавоб диҳед, сохта медиҳам. Инҷо ҳама пулҳои аз муҳоҷиарт бо азоб ҷамъ кардаашонро оварда додаанд, ки соҳиби хона шаванд. Якуним сол боз комиссияи шаҳрвандӣ кор карда истодааст. Коррупсия тафтиш кард, ягон мушкил наёфтанд. Охуновро озод кунанд ва ба ӯ муҳлат диҳанд, ин қадар таҳаммул кардем, интизор шуда хонаҳоямонро гирем. Лекин бехона, ки шудам, шахсан ба ягон роҳи бад меравам."

Рӯзи 25-уми майи соли ҷорӣ додситонӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон тақозо карда буд, то Ҷӯрабек Охуновро ба 17 соли зиндон маҳкум намояд. Ба ҷуз ин, додситонӣ пешниҳод кард, ки баъд аз анҷоми ин баҳс чанд иморате, ки ба "Мовароуннаҳр" тааллуқ дорад, фурӯхта шуда ва маблағи он ба муштариёни ширкат дода шавад.
XS
SM
MD
LG