Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фейсбуку Твиттер - баҳсгоҳи аслии масоили сиёсӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук ва Твиттер дар теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон бахусус дар ҷаҳони араб ба як ҷойи аслии баҳсҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил шудаанд.

Як назарсанҷӣ дар 21 кишвари ҷаҳон нишон додааст, торнамоҳои иҷтимоӣ дар онҳо ба таври васеъ истифода мешавад ва бахусус дар кишварҳои арабӣ, ки ин шабакаҳо ҷойи асосии табодули афкори сиёсиву иҷтимоӣ дар байни мардум шудааст.

Дар пажӯҳиши Маркази назарсанҷии Пю дар Амрико, ки рӯзи 12 декабр нашр шуд, аз ҷумала Мисру Тунисро намуна овардаанд, ки аз миёни ҳар даҳ нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, 6 нафари онҳо дар бораи масоили сиёсӣ табодули назар мекарданд. Дар Лубнон 68 дар сади корбарони торнамоҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки дар ин шабакаҳо назару афкори сиёсиашонро баён кардаанд ва 81 дар сади онҳо дар бораи мушкилоти иҷтимоиву ҷомеаҳои худ табодули назар доштаанд. Тақрибан айни чиз дар Тунису Мисру Урдун низ мушоҳида шудааст.

Маркази назарсанҷии Пю мегӯяд, истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон, чӣ дар кишварҳои пешрафта ва чӣ дар кишварҳои фақир бо суръати чашмгире густариш ёфтааст. Пажӯҳиш нишон додааст, ки насли ҷавон дар истифодаи ин шабакаҳо пешсафанд ва барои васл шудан ба ин шабакаҳо ба таври рӯзафзун телефонҳои ҳушмандро ба кор мебаранд. Дар ин пажӯҳиш омадааст, “Аксарияти корбарони телефонҳои ҳушманд мегӯянд, ки аз тариқи телефон ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезананд, бисёри дигар доир ба кор, молу ашё ва масоили сиёсӣ иттилоъ мегиранд.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
Линки мустақим


Ингуна фанновариҳо бештар дар миёни ҷавонони таҳсилдида маҳбубият доштаанд ва аксари онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будаанд, аз 30-сол поён доранд ва дар донишкада ва ё донишгоҳ таҳсил кардаанд. Дар Амрико, Бритониё, Русия ва Испониё ва Ҷумҳурии Чех тақрибан нисфи назардодагон гуфтаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Дар Лаҳистону Бразилия ва Фаронсаву Итолиё аз миёни ҳар 10 нафар чаҳор нафар шабакаҳои иҷтимоиро ба кор мебурдаанд.

Аммо ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, бо вуҷуди онки аз кишварҳои фақир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ кам ҳастанд, аммо ҳар гоҳ, ки ба ин торнамоҳо ворид шуданд, дигар бо шавқи зиёд ба он меоянд ва сафашон ҳам бошиддат зиёд мешавад. Дар миёни мардуми шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама кори роиҷ табодули назар дар бораи мусиқиву филмҳо будааст. Аксари назардодагон аз 17 кишвар гуфтаанд, ки ин корро кардаанд.

Дар Чин 86 дарсади назардодагон гуфтаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба филму мусиқиҳо шарҳ навиштаанд, дар Ҳинд 85 дар сад ва дар Туркия 76 дар сад аз аҳли ба истилоҳ шореҳони мусиқиву филмҳо будаанд. Варзиш дар ин миён чандон мавзӯи маҳбуб набудааст, ки аксарият гуфтаанд дар бораи мавзӯъҳои варзишӣ кам баҳс мекунанд. Маркази назарсанҷии Пю, ин назархоҳиро моҳҳои март ва апрели соли равон дар миёни 26 ҳазор нафар дар 21 кишвар анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG