Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи маҷозӣ дар интернет. Хушгузаронӣ ё хиёнат ба ҳамсар?


Акс аз боqгонӣ.
Акс аз боqгонӣ.

Ҷавонмардҳо ва духтарҳо дар пайи эҳсосоти пуршӯр соатҳо дар паси компютер менишинанд ва аз сӯҳбатҳои "виртуалӣ" лаззат мебаранд.

Онҳо бовар доранд, ки гуфтгӯҳои маҳрамона ва ё ишқварзии маҷозӣ дар интернет ба ҳеҷ сурат хиёнат ба ҳамсар нест ва ба зиндагии оилавӣ таъсир намегузорад.

Ин дақиқан ҳамон нуқтае назарест, ки ахиран Кейт Ҳаким, як ҷомеашиноси британиёӣ, дар китоби нави худ баён доштааст. Ӯ навиштааст, “дар асри интернет қоидаҳои издивоҷу хонадорӣ бояд бозбинӣ ва бархӯрд ба хиёнати занушавҳарӣ таҷдиди назар шавад.”

Хонум Кетрин, ки қаблан дар Маркази омӯзишҳои сиёсӣ ва Мактаби бизнеси Лондон кор кардааст, мегӯяд, интернет шеваи нави ишқварзӣ ё ишқҳои маҷозиро ба миён овардааст, ки аз он ҳам мардҳои зандор ва ҳам занони шавҳардор истифода мекунанд. Аммо ба андешаи ӯ ин равобит дар оилаҳо набояд ҷиддӣ гирифта шаваду ба суботу пойдории оилаҳо таъсир гузорад. Кетрин мегӯяд, бархӯрди ҷиддӣ бо ин масъала роҳро ба афзоиши талоқҳо боз мекунад.

Ҳарчанд ин пажӯҳиш дар мавриди Тоҷикистон чизе нагауфтаст, аммо аксари сокинони ин кишвар ва ба вижа онҳое, ки бо интернет ошноянд, ба ин мавзӯъ бархӯрди мухталиф доранд. Бархе ин амал ва ишқварзиҳои маҷозиро хиёнат намедонанду онро ҷиддӣ намегиранд, аммо аксарият мегӯянд, метарсанд, ки шояд ин роҳеро барои хиёнат боз кунад.

Сардор, яке аз ҳамсӯҳбатони мо, дар як созмони хориҷӣ кор мекунаду аз рӯи вазифа бештари вақташ дар интернет мегузарад. Ӯ оиладор аст, аммо мегӯяд, дар рӯйхати дӯстонаш аксаран духтарону занонанд ва баъзан сӯҳбатҳои онҳо бехабар ба мавзӯҳои ишқиву гуфторҳои маҳрамона мепечанд. Аммо Сардор бовар
дорад, ки чунин сӯҳбатҳо танҳо барои кур кардани вақт ва хушгузаронӣ бо духтарҳои дигар аст, на хиёнат ба ҳамсараш, ки хонашин асту аз интернет ва ишқварзиҳои маҷозӣ хабаре надорад

"Баъзан мешавад, ки маҷрои сӯҳбат каме дигар мешавад. Шахсан ман фикр намекунам, ки ин гуна ҳолатҳо хиёнат ба ҳамсар бошад. Ҳолатҳое мешавад, ки худро гум мекунӣ. Аммо аз мушоҳидаҳоям медонам, ки ҳамин сӯҳбатҳои интернетӣ ба робитаҳои оиладорӣ ва муносибати номзадҳо халал ворид кардааст. Ман худам як чунин ҳолатро аз сар гузаронидам. Бо як духтари шиносам муносибати дӯстона доштему дар интернет баъзан сӯҳбат мекардем. Ва номзад ё шавҳаршавандаи ӯ сӯҳбатҳои моро хондаву аз як сӯҳбату ҳазли мо бисёр хашмгин шуд ва бо духтар муносибаташр қатъ кард. Баъдан ман огоҳ шуда ба он ҷавон фаҳмондам ҷанҷол шуд, ин кор то 3 моҳ идома кард, ва баъд дигар намедонам чӣ шуд мнуосибати онҳо.»

Воқеан баробари рушди фанновариҳои ҷадид, сокинони Тоҷикистон ҳам ҳарчӣ бештар вориди ҷаҳони маҷозии интернет мешаванд. Пажӯҳишҳо муайян кардаанд, ки дар Тоҷикистон мардум бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва фароғатӣ истифода мекунанд. Аксари занону мардон дар шабакаҳои маъруфи иҷтимои мисли фейсбуку, "агенти русӣ" ва ҳам "Однакласники" саҳифаҳои худро доранд.

Мӯътодони шабакаҳои иҷтитмоӣ мегӯянд, баъзе занону мардони тоҷик дар чунин саҳифаҳо чеҳраи аслии худро бо аксҳои ҳунармандони маъруфу чеҳраҳои зебо пинҳон мекунанд барои худ ҳамсӯҳбати табъи дил мекобанд. Онҳо аксаран оиладор будани худро ошкор намекунанд ва мехоҳанд бо ҳар васила дилеро ба даст биёранд ва зиндагии худро ранги дигар бубахшанд. Эраҷ Амон, хабарнигори ҷавони тоҷик мегӯяд, чунин амалро оғози хиёнат ба ҳамсар, чи мард ва чи зан, медонад. Ба қавли Эраҷ дар Тоҷикистон бештар чунин муносибат аз сӯйи мардон ба мушоҳида мерасад.

“Воқеан ин гуна муносибатҳо дар кишвар рушд мекунад, мушоҳида мешавад бештар аз сӯйи мардон, аммо занон ҳам ҳастанд. Ҳозир интернет барои мо манфаи шиносоӣ шудааст. Махсусан майл ру агент. Онҳо аксаран сӯҳбатҳоро ҳамчун дӯст шурӯъ карда, баъдан ин муносибатҳои онҳо бо сӯҳбатҳои ошиқона
Эраҷ Амон
Эраҷ Амон
мепечад. Ба фикри ман бояд тоҷикон ки фарҳангу менталитети ба худ хос доранд, аз чунин муносибатҳо, агарчӣ ҷиддӣ ҳам набошанд, ҷилавгирӣ кунанд.”

Аммо ба ақидаи Фаришта, яке аз фаъолони интернет дар Тоҷикистон, ғолибан занону мардоне аз ин роҳ истифода мекунанд, ки дар зиндагии оиладории худ ягон мушкиле доранд ва роҳи дур кардани фикру мушкилоти зиндагиашонро дар чунин сӯҳбатҳо мебинанд:

«Ин гуна ҳодисаҳо албатта зиёданд. Онҳо интернетро як роҳи ҳал мепиндоранд ва мехоҳанд дар интернет ягон дӯсти хубе пайдо кунад. Аммо шахсан ман, аз ин ки ҳамасарам бештари вақтарашро дар интернет сипарӣ мекунад ва дар рӯйхати дӯстонаш занону духтарон зиёданд, аслан ҳарос надорам ва наметарсам ки ин "шуғл"-и ӯ ба зиндагии ман таъсир кунад. Чун ман ҳамсарамро хуб мешиносам ва ба ӯ бовар дорам. »

Ба ин тартиб Кэтрин Ҳаким, ҷомеашиноси британиявӣ мегӯяд, ишқварзӣ дар ҳошияи оиладорӣ тамоюли нав нест ва асрҳо боз идома дорад ва бознигариву эътирофи ин воқеият инсонҳоро аз азоби рӯҳӣ озод мекунад. Бинобар пажӯҳиши ӯ хиёнати ҳамсарҳо ҳоло дар кишварҳои пуританӣ ё покдине мисли Амрико ва Британия шадидан аз тарафи ҷомеа сарзаниш мешавад ва ин гуна рафтор барои инсонҳо бо қиммати гарон анҷом мешавад. Ин ду кишвар дар масъалаи талоқ дар байни кишварҳои дигари ҷаҳон пешсаф ҳастанд ва сабаб низ бархурди шадид ба хиёнати оилавӣ аст.

Баръакс дар Фаронса, ки мардуми он мавзуи хиёнатро чандон ҷиддӣ намегиранд ва дар Ҷопон, ки хати байни издивоҷ ва робитаҳои маҳрамона дар канори оиладориро мушаххас кардааст, талоқи ҷуфтҳо камтар мушоҳида мешавад.

Аммо дар Тоҷикистон ҳарчанд солҳои ахир талоқ ва фурӯпошии хонаводаҳо зиёд ба мушоҳида мерасад, соҳибназарони кор бо интернет бар ин боваранд, ки ҳоло интернет дар ин ҷо ба омили фурӯрезии хонаводаҳо табдил наёфтааст.

Асомиддин Атоев, раиси Академияи фанновариҳои иттилоотии Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол интернет шароитро барои аз ҳам пошидани хонаводаҳо ва ҳамчунин хиёнати хонаводагӣ ба вуҷуд наовардааст. Зеро ба таъкиди ӯ, ҳоло истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигар камтар аст.
XS
SM
MD
LG