Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

“Sozandagon.tj” ба ҷои “Facebook”?


“Созандагони Ватан”, созмони ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мехоҳад, дар шабакаи Интернет як сомонаи монанд ба Facebook бисозад.

Ин дар ҳолест, ки ба далоили, ба гуфтаи мақомот, “фаннӣ” дастрасӣ ба Facebook ва 4 сомонаи дигар дар Тоҷикистон аз 3-юми март маҳдуд шудааст.

Адҳам Мирсаидов, раҳбари “Созандагони Ватан” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ибтикор аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи технологист ва ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишварро таҳти арзишҳои миллӣ ва ватанпарварӣ дар Интернет зери як бом ҷамъ хоҳад овард. Аммо, афзуд ӯ, ҳадафи онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ сохтани кадом алтернатива ба “Facebook” ё пур кардани ҷои холишудаи ин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нест.

Интернети ҳанӯз хеле фақири тоҷикӣ

Феълан дар домени TJ ҳудуди 6 ҳазор 000 сомона сабти ном шудааст, вале бахши бузурги онҳо фаъол нест ва аксари торнамоҳои фаъол низ ба забони русист. Қаблан дар сегменти тоҷикии Интернет барои сохтани шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ низ талошҳое шуда буд, ки як намунааш сайти “Duston.TJ” аст, вале ин торнамоҳо ба маҳзи имконоти маҳдуди фаннӣ ҳанӯз бо шабакаҳои русии Мой Мир, Vkontakte ва Odnoklassniki ё бо ҳамон Facebook ва Twitter қобили муқоиса ва рақобат нест.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев аз созмони “Ташаббуси шаҳрвандӣ дар Интернет” мегӯяд, шумори корбарони шабакаҳои иҷтимоии русӣ дар Тоҷикистон феълан беш аз 100 000 ва теъдоди корбарони Facebook 3 маротиба камтар аст, вале Facebook бо тарзи хеле осони истифода ва имконоти фаровонаш рӯзторӯз ҷои шабакаҳои русиро дар Тоҷикистон тангтар мекард. Ба ақидаи ҷаноби Ибодуллоев, агар ин ҳама талошҳо ба ҷои “деворбандӣ”-ҳо, ки як зӯри беҳуда аст, барои бой кардани сегменти тоҷикии Интернет равона мешуд, натиҷаи беҳтаре меовард.

Моҷарои “Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб”

Парвина Ибодова
Парвина Ибодова
Ҳудуди 30 000 корбари тоҷики Facebook асосан дар гурӯҳҳое, чун Платформа, Тоҷикистони навин, Забони форсӣ, Фейсбуки тоҷикӣ, Анҷумани фалсафа ва Клуб интеллектуалов гирд омадаанд. Ва маҳз бознашри мақолаи “Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб”-и сайти “Звезда.ру” дар гурӯҳҳои тоҷикии Facebook боис шуд, ки ин шабакаи иҷтимоӣ дар қатори “Звезда.ру” ва 3 сомонаи дигарро аз 3-юми март дар Тоҷикистон масдуд карданд. Ба бовари нозирон, тавсифе, ки аз нақши шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет дар эътирозҳои “Баҳори Араб” шуд, низ дар ин ҷо таъсир дошта, омили дигар интихоботи соли ояндаи раёсати ин ҷумҳурист ва дар Душанбе мехоҳанд, ки аз пеш майдони иттилоотии кишварро аз ҳузури сомонаҳои “нохушоянд” пок кунанд.

Парвина Ибодова, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мегӯяд, дар ин маврид чанд фарзия вуҷуд дорад: “Шояд аз ин буд ки як сол пеш аз интихобот аст ва сабабаш он чанд гурӯҳест, ки дар Facebook ташкил шуд ва алайҳи мансабдорони тоҷик сӯҳбат мекунанд. Ё ҳамон мақолаи “Звезда.Ру”, ки дар он сомона шояд ҳамагӣ чанд нафар хонда буд, вале баъди паҳн шуданаш дар Facebook ҳазорон нафар аз ин матлаб огоҳ шуданд.”

Хонум Ибодова мӯътақид аст, ки масдуд кардани сомонаҳо баръакс боиси боз ҳам маъруфтар шудани онҳо шуд ва ҳазорон нафари дигарро, барои мисол, дар ҷустуҷӯи мақолаи “Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб”-и “Звезда.Ру” андохт, ин чӣ матлабест, ки хоби мақомоти Душанберо ин қадар парронд?

Амр буд ё набуд? Ҷаласа чӣ?

Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, кадом супориши махсусе барои бастани ин 5 сомона дода нашудааст. Вале ӯ билофосила ба интиқод аз Интернет дар кулл пардохт, ки ба ақидаи ӯ, ба як шаҳри бедарвоза ё “бозори сиёҳ” табдил шудааст. Аммо ба дунбол, нусхаи номаи Хадамоти алоқа ба ширкатҳои интернетрасон нашр шуд, ки дар он аз ин ширкатҳо боисрор “хоҳиш” мешавад, ки дастрасӣ ба сомонаҳои maxala.org, zvezda.ru, facebook.com, tjknews.com ва centrasia.ru-ро “бинобар гузарондани корҳои профилактикӣ” қатъ намоянд.

Дар ҳар сурат, моҷарои бастани 5 сомона дар Тоҷикистон сарусадои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар ба по кард. Аз ин иқдоми Душанбе Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон ва намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Дуня Миятович низ ба тундӣ интиқод карданд. Анҷумани ширкатҳои интернетрасон ҳам дар як нома аз мақомоти кишвар хост, то аз чунин бархӯрди “беасос ва ғайриҳуқуқӣ” ва ҳам номуассир, ки ба имиҷи кишвар латма зада, ба амнияти иттилоотии кишвар низ хатар дорад, даст бардоранд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим


Парвина Ибодова, раҳбари ин анҷуман ба Радиои Озодӣ гуфт, касе аз мақомот ба номаи онҳо посух надодааст, вале: “Фикр мекунем, ҳоло навбати созмонҳои хориҷист. Созмонҳои донор ва хориҷие, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, бо мо дар тамос шуданд ва онҳо низ як нома ба ҳукумат омода карда истодаанд. Ва ман умед дорам, ки баъди номаи мо ва номаи ин созмонҳо масъалаи Facebook шояд ба зудӣ ҳалл шавад.”

Достони дигар худи мақолаи “Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб” аст, ки ба “деворбандӣ”-ии навбатии Интернет дар Тоҷикистон оғоз гузошт. Дар ин мақолаи сомонаи русии “Звезда.Ру” иддао мешавад, ки дар як ҷаласаи махфии кобинаи амниятии Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 24 ноябри соли 2011 ҷиҳати таъқиби мухолифин, аз ҷумла тадқиқи манбаъҳои таъмини молии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), бо ироаи имтиёзҳо аз ин ҳизб дур кардани аъзояш, нашри матлабҳо дар матбуот дар бораи раҳбарони ин ташаккули умдаи мухолифин, кашидани харитаи сиёсии кишвар ва таъйини макони зисти онҳое, ки дар гирдиҳамоиҳои соли 1992 ширкат кардаанд, амр шудааст.

Назари дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Абдураҳим Қаҳҳоров
Абдураҳим Қаҳҳоров
Масъулини ҲНИТ мегӯянд, дар моҳҳои охир таъқиби тарафдорони ҳизб афзоиш ёфтааст. Бастани масҷиди Тӯраҷонзодаҳо бо баҳонаи тадвири маросими Ошӯроро низ дар маҳофил аз “мева”-ҳои дигари ҳамон ҷаласаи мармуз медонанд.

Бо ин ҳол, вазири собиқи умури дохила ва дабири кунунии Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ба “Азия Плюс” гуфтааст, асноди нашршуда дар “Звезда.Ру” ҷаълист (тақаллубӣ) ва касе барои чунин таъқиби, ба гуфтаи ӯ, “ғайриқонунӣ”-и тарафдорони ҲНИТ амр надодааст. Ба бовари Қаҳҳоров, ки “Звезда.Ру” аз ширкатдорони он ҷаласаи махфӣ унвонаш мекунад, ҳадафи муаллифони ин сенсатсияи ҷаълӣ беобрӯ кардани режим ва сиёсати давлат аст. Аммо Рамазон Раҳимов, вазири феълии умури дохила аз посухи мустақим ба суоли хабарнигори Озодӣ худдорӣ варзид ва гуфт, ба тамоми суолҳо таҳқиқоти додситонии кулл ҷавоб хоҳад дод.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, мақомот аз тамоми онҳое, ки асноди ҷаласаҳои ҳукумат аз дасташон мегузарад, баёнот гирифтаанд. “Азия-Плюс” бидуни бурдани кадом исми мушаххасе навишт, ки манбаи ифшои асноди расмӣ алакай маълум шудааст. Дар пайи моҷарои бархоста, хабарнигори рус Сергей Строкан изҳор дошт, ки матлаби “Звезда.Ру” моли ӯ нест. Аммо масъулини ин сомона мегӯянд, иқдомоти шитобзадаи Душанбе баръакс собит кард, ки чунин ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон дар воқеъ доир шуда буд.

Натанҳо Тоҷикистон...

Сергей Строкан
Сергей Строкан
Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки ба бастани сомонаҳои интернетӣ иқдом мекунад. Дар истифода аз ин шеваи роиҷ дар миёни режимҳои худкома пешгом, албатта, Чин аст, ки ҳатто аз ширкатҳои бузургтарини интернетӣ, назири Google ва Yahoo, гузоштани филтрҳои вижа барои корбарони чиноиро тақозо мекунад. Эрон ҳам ба сохтани як Интернети миллӣ азм кардааст, ки ҳадафаш гирифтани пеши роҳи сомонаҳои мустақили форсист, ки дар бораи ин кишвар иттилоъ пахш мекунанд.

Аммо режимҳои худкомаи аз нигоҳи моливу фаннӣ заифтар ҳанӯз чунин фаро рафта наметавонанд. Дар Туркманистон, барои мисол, бидуни шиноснома ба интернет-кафе касеро роҳ намедиҳанд ва Интернетро ҳам танҳо як ширкати давлатӣ ва он ҳам бо филтри тамоми сомонаҳои интиқодӣ ироа мекунад.

Дар Беларус низ аз соли нав нишон додани шиносномаро ба муштариёни интернет-кафеҳо ҳатмӣ карда, ширкатҳои интернетрасон муваззаф шудаанд, дастрасӣ ба сомонаҳои мухолифро дар идораҳои давлатӣ масдуд кунанд. Тоҷикистон дар замони нооромиҳои водии Рашт низ чанд сомонаи дохиливу хориҷиро масдуд карда буд, вале муштариён тавассути проксӣ-серверҳо тавонистанд, ба зудӣ филтрҳои заифи ширкатҳои маҳаллиро бишкананд.
XS
SM
MD
LG