Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Умедворем, ки хатои Муборак такрор намешавад


 Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Сухангӯи департаменти давлатии ИМА хонум Виктория Нуланд мегӯяд, вазъият дар Миср ҳар рӯз тағйир меёбад ва ташвиши ИМА ин аст, ки мардуми Миср қарорҳоро тавассути муколама ва ба таври осоишта- ҳам аз ҷониби тарафи ноқаноатманд ва ҳам аз сӯи онҳое, ки таъмини амниятро бар дӯш доранд, қабул ва амалӣ кунанд. Ӯ меафзояд:
Мо мехоҳем, ки нерӯҳои амниятӣ аз таҳаммул кор гирифта, ҳаққи эътирози осоиштаро эҳтиром кунанд ва ҳамчунон мо хоҳони он нестем, ки хатоҳои даврони президент Муборак такрор шаванд”.
Дар ҳамин ҳол рӯзи душанбе додрасҳои мисрӣ ризоят доданд, ки назархоҳии умумимардумии қабули сарқонуни нави ин кишварро назорат кунанд. Ҳамзамон додрасҳои Шӯрои маъмурии давлатӣ аз тарафдорони президент Муҳаммад Мурсӣ даъват кардаанд, ки гирдиҳамоии эътирозӣ дар рӯ ба рӯи Додгоҳи олии ин кишварро хотима бахшанд. Рӯзи якшанбе Мурсӣ ба артиш дастур дод, ки дар арафаи назархоҳии 15-уми декабр ниҳодҳои давлатиро зери ҳимояти худ гирад.
Дар бархӯрдҳои миёни тарафдорон ва мухолифини президенти Миср камаш 5 нафар кушта шудаанд.
Аммо мухолифини Мурсӣ мегӯянд, ки онҳо назархоҳиро бойкот хоҳанд кард. Онҳо имрӯз тарафдорони худро ба эътироз даъват кардаанд.
Ҳамин гуна тарафдорони исломии президенти Миср низ тасмими доранд, ки имрӯз гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG