Мансабдорони Покистон мегӯянд, бар асари як бомбгузории маргталабона камаш се сарбоз ба ҳалокат расида, нуҳ нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи чоршанбе дар шимолу ғарби Покистон дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба қавли мансабдорон мошине бо ду сарнишини дохили он ба тарафи дарвозаи пойгоҳи низомии Вона-маркази минтақаи Ҷануби Вазиристон ҳаракат кард. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки сарбозон мошинро мавриди оташ қарор дода, имкон надоданд, ки он то пойгоҳ расад. 29 ноябр дар як бомбгузории маргталабона дар Вона Мулло Назир-яке аз пешвоёни Толибон ва шаш нафари дигар ҳалок шуда буданд. Ҳукумати Покистон дар соли 2009-ум бар зидди ифротгароҳои исломии минтақаи Ҷануюи Вазиристон амалиёти заминии низомӣ раҳандозӣ намудааст, вале то ҳанӯз дар ин минтақа ҳамлаҳои пароканда ба қайд гирифта мешаванд.