Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шерхон Салимзода: "Шиканҷа ҳаст, вале кам"


Додситони кулли Тоҷикистон баъди гузориш дар Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ, ба суолҳои "Озодӣ" посух гуфт.

Озодӣ: Хулосаҳои ин ҷаласа баъд аз шунидани гузориши Тоҷикистон роҷеъ ба шиканҷа чӣ аст?

Шерхон Салимзода: Ин дуюмин гузориши Тоҷикистон дар мавриди иҷрои он ӯҳдадориҳое аст, ки бо тасвиби Конвенсияи СММ зидди шиканҷа гирифта буд. Ман аз рафти баррасии ҳисоботи Тоҷикистон, аз суҳбату саволҳое, ки имрӯз дода шуд, эҳсос кардам, аъзои Кумитаи СММ оиди шиканҷа қариб якдилона изҳор намуданд, ки қадами ҷиддие баҳри иҷрои тамоми талаботи конвенсияи СММ дар Тоҷикистон амалӣ шудааст. Мо заминаи ҳуқуқии мубориза бо шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои ғайриқонунии бурдани тафтишотро фароҳам овардаем. Ба ғайр аз ин, дар таҷриба тамоми чораҳои ташкилӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии амалӣ намудани ин тадбирҳо, муҳайё гардидаст. Умуман як эҳсоси қаноатмандӣ аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Кумитаи СММ оиди шиканҷа эҳсос мешуд. Албатта дар баробари ин баъзе камбудию нуқсонҳо дар фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва дигарҳо низ гуфта гузаштанд, ки мо ба ҳамаи он саволҳо бевосита ҷавоб гуфтем. Ва имрӯз онҳо аз бисёр ҷавобҳои мо қаноатманд буданд.

Озодӣ: Солҳои охир раванде мушоҳида мешавад, ки додгустарҳо барои шахси муҷрим мӯҳлати зиёде мепурсанд, гарчанде мо мегӯем қонунҳои мо башардӯстона мебошанд. Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст?

Шерхон Салимзода: Албатта ин масъалаи дигар аст ва фикр мекунам бо шиканҷа чандон робита надорад. Меъёри ҷазои ҷиноятиро танҳо қонуни ҷиноятӣ,
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Женева
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Женева
айни замон дар Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятӣ муайян мекунад. Мутобиқи қоидаҳое, ки Кодекси ҷиноятӣ муайян кардааст, маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати 3 моҳ то 20 сол таъйин мешавад. Аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, инчунин то 30 сол маҳрум намудан аз озодӣ муайян шудаст. Ин талаботи қонун аст. Иҷрои қонун барои ҳамаи мо, чӣ прокурор, чӣ суд ва дигар мақомотҳо ҳатмӣ аст. Прокурор дар суд вобаста ба дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва дигар омилҳо, андозаи ҷазоро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо сухани охирин аз суд аст. Суд ҳамаи далелҳо ва ҳолатҳои корро бевосита таҳлил карда, ба кирдори шахс баҳо медиҳад ва ҷазоро муайян месозад.

Озодӣ: Оё гуфта метавонем, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо намунаҳои ришвахорӣ мушоҳида шудаанд ва аз ин нуқтаи назар низ бархӯрди мақомот ба парванда муайян мегардад?

Шерхон Салимзода: Ин ҷо гап дар бораи ҷой доштани фасод дар пешбурди парвандаҳо аз ҷониби муфаттишон, прокурорҳо ва суд меравад, ки камтар аз мавзӯъ дур аст. Тибқи далелу рақамҳое, ки мо дорем чунин омилҳо мутаасифона дар фаъолияти мақомотҳо ҷой доранд. Вобаста ба ин, ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мубориза мебарад. Шумо хуб медонед, дар Тоҷикистон мақомоти махсуси мубориза бо коррупсия таъсис ёфтааст. Инчунин ниҳодҳои дигари мубориза бо коррупсия, прокуратура, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсия корҳои муайянеро анҷом медиҳанд. Ин омили номатлуб ҷой дорад, вале шиддаташ назар ба солҳои пешин хеле паст рафтааст. Бо ин вуҷуд, мо бояд хотирҷамъ нашинем ва тамоми чораҳоро андешем то фасод дар фаъолияти прокуратура, суд ва дигар мақомотҳо умуман аз байн равад. Зеро онҳо бо ҳуқуқу озодиҳои инсон сарукор доранд ва ин ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқи сарқонуни Тоҷикистон арзишҳои олӣ мебошанд.

Озодӣ: Дар гузашта дар гузоришҳои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамин гуна намунаҳо меоварданд, ки шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомотҳо пуштбонӣ мешавад ва барои рӯйпӯш кардан, кормандонеро, ки ба шиканҷа даст задаанд, аз як кор ба кори дигар мегузаронанд. Шумо чӣ назар доред?

Шерхон Салимзода: Имрӯз дар Тоҷикистон аз роҳбарияти аввали сиёсӣ сар карда то мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа бо шиканҷа муборизаи беамон мебаранд. Тамоми тадбирҳоро меандешем, то қонуният дар ниҳодҳои пешбарандаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқу тафтиш риоя шавад. Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи ҷаласаю муҳокимаҳо дар ин масъала назари худро иброз
Марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндон, аз пурсарусадотарин қазияҳо дар чанд соли ахир аст.
Марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндон, аз пурсарусадотарин қазияҳо дар чанд соли ахир аст.
медорад. Дар доираи омодагиҳо барои ҷаласаи Кумитаи СММ оиди мубориза бо шиканҷа, таҳлил намудем, ки танҳо дар давоми се соли охир Ҷаноби Олӣ чаҳор маротиба дар як сатҳи олӣ истифодаи шиканҷаро дар фаъолияти мақомот маҳкум кардааст. Аз ҷумла президенти Тоҷикистон дар пайёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои ҳукумат ва Шӯрои амният ҷой доштани шиканҷаро маҳкум карда, пешгирӣ ва ошкор намудани шиканҷаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон унвон кардаст. Ҳоло тамоми ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба масъалаи шиканҷа хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд. Танҳо дар зарфи се соли охир ба мақомоти прокуратура 130 шикоят дар мавриди шиканҷа ворид гардид. Аксарияти ин ҳолатҳо дар натиҷаи тафтишоти прокурорӣ ошкор карда шуд. 39 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол гардиданд ва суд низ онҳоро гунаҳгор дониста, ҷазо додаст. Танҳо бо роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, мо пеши роҳи шиканҷаро гирифтан наметавонем. Дигар тадбирҳои ташкилӣ, иқтисодию ҳуқуқиро бояд ҳама дастаҷамъона амалӣ кунем, то дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиканҷа аз байн равад.

Озодӣ: Дар гузориши Шумо ба СММ ҳам зикр шудаст, ки вақтҳои охир вазъ дар маҳбасҳои Тоҷикистон беҳтар шудаст. Агар чанд намунаи пешакӣ омодашударо сарфи назар кунем, чаро мақомот иҷоза намедиҳанд, ки кормандони Салиби Сурх озодона вориди зиндонҳо шаванд ва вазъро бубинанд?

Шерхон Салимзода: Ин масъала мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад. Мо ягон бор монеаи ба ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафтани кормандони Кумитаи Салиби Сурх нашудаем. Баръакс мо имрӯз ҳам тайёрем ва иҷозат медиҳем дар асоси мувофиқа бо ниҳоди масъули Вазорати адлия кормандони Салиби Сурх ба зиндонҳо дароянд, бо маҳбусон суҳбат кунанд. Лекин ин ҷо чизи дигар аст. Онҳо шартномаеро таҳия ва барои имзои мо пешниҳод кардаанд ва шарт гузоштаанд, ки ягон нуқтаи ин шартнома ва ҷузъиёти онро дигар карда наметавонем. Пас соҳибихтиёрии мо дар чӣ зоҳир мегардад. Мо албатта давлати соҳибихтиёр ҳастем.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG