Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик дар Женев барои Сангову Икромзода посух мегӯянд


Сафаралӣ Сангов
Сафаралӣ Сангов

Баҳси шиканҷаву озор дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева ду рӯз идома хоҳад кард.

Дар ин нишаст гузориши давлат дар бораи вазъи мубориза бо шиканҷа, гузориши созмони Amnesty International ё Афви ва гузориши алтернативии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон баҳсу баррасӣ мешавад.

Ин дувумин гузориши Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аст, ки давраи аз соли 2007 то 2010-ро фаро мегирад. Дар гузориши аввал вазъи шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон то соли 2006 тасвир шуда буд.

Ба иттилои дафтари СММ дар Женева, рӯзи чаҳоршанбе Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, зимни муаррифии гузориши расмии ҳукумати Тоҷикистон гуфт, кишвараш аз аввалин рӯзҳои истиқлол талош мекунад то арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсонро таъмин кунад. Ба гуфтаи ӯ, “баъд аз ҷанги шаҳрвандии панҷсола, ки дар он 150 ҳазор нафар кушта шуда ва беш аз як миллион нафар ба дигар кишварҳо фирор карданд, чанд сол фақат барои эътидоли авзоъ дар ишвар сафр гардид”. Шерхон Салимзода афзуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон сохторҳои гуногун дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон таъсис шудаанд ва ҳукумат даст ба ислоҳоти ҷиддӣ ба хотири таҳкими нақши мақомоти додгоҳӣ задааст. “Тоҷикистон ба вуруди тағйирот ба чанд қонун, аз ҷумла, масъулият барои кор гирифтан аз навъҳои гуногуни шиканҷаро шадидтар кардааст”,-афзуд Додситони кулли Тоҷикистон.

Наргис Зокирова, раиси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, яке аз муаллифони гузориши алтернативӣ оид ба шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, дар қиёс бо дар гузориши расмӣ, ки дар он бештар дар бораи коҳиши шиканҷа ва талошҳои аз байн бурдани он сухан меравад, ҳомиёни ҳуқуқи башар бештар рӯи қазияҳои шиканҷа дар солҳои ахир тамаркуз кардаанд. “Ба гузориши мо парвандаи Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Ҳамзаалӣ Икромзода, охирин қазияи пурсару садои шиканҷа ва ва чандин қазияи дигар ворид карда шудаанд. Мо дар гузориш дар бораи ин ҳама қазияҳо иттилои муфассал додаем”.

Наргис Зокирова меафзояд, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик бо намояндагони кумитаи алайҳи шиканҷаи СММ мулоқот карданд ва нуктаҳои асосии гузориши худро шарҳ додаанд.

Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе ба ҷуз гузориши алтернативӣ ҳамчунин гузориши Афви Байнулмилал баҳсу барарсӣ шавад, ки баъд аз сафари гурӯҳи масъулини ин созмон ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа рӯзҳои 4 то 18 апрели соли 2011 ва ҳамчунин баъд аз пажуҳишҳои иловагии мушкили шиканҷа ва озори маҳбусони боздоштшудагон дар Тоҷикистон таҳия шудааст.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки Тоҷикистон санадҳои байнулмилалӣ оид ба ҷилавгирӣ шиканҷаро имзо кардааст ва Қонуни асосиву қонунҳои дигари кишвар арҷгузорӣ ба ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ва муҷозот барои шиканҷаро кафолат додааст. Аммо таҳқиқоти Афви Байнулмилал ҳокист, ки дар ҳама маҳбасҳои Тоҷикистон аз шиканҷаву озори маҳбусон кор мегиранд. “Афроди гумонбар дар ягон ҷурм аз кормандони ҳифзи тартибот ба хотири эътирофи ҷиноят лату кӯб мешаванд. Кормандони милиса аз қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳо ришват меситонанд”,-омадааст дар гузориш. Муаллифон навиштаанд, бемуҷозотӣ сӯистифодаи кормандони полис аз мақомро аз назорат ба як амри маъмулӣ табдил кардааст,

Дар ҳоле, ки татбиқи Кодекси ҷиноии нави Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2010 шурӯъ ва ба он чанд банди муҳими муҷозот барои шиканҷа ворид шуд, ба гуфтаи Афви Байнулмилал, дар қавонини кишвар баъзе “сурохиҳо” боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, дар қонун дастрасии фаврӣ ба ташхиси беғаразонаи тиббӣ баъд аз шикоят аз сӯи фарди шиканҷашуда кафолат дода нашудааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ низ иддаои гумонбарон барои зери шиканҷа додани баёноташон нодида гирифта мешавад.

Созмони Афви Байнулмилал ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки ҳама гуна истифода шиканҷаву озорро сари вақт ва шадидан маҳкум кунад ва ба ҳама кормандони ҳифзи тартибот паём диҳад, ки истифодаи шиканҷа ғайриқонунӣ ва ғайри қобили қабул аст ва ин гуна кормандон мавриди пайгарди қонун қарор хоҳанд гирифт.

Мақомоти давлатӣ бояд ҳар сол омор дар бораи шикоят аз шиканҷаву бадрафториро нашр ва ин шикоятҳоро мӯшикофона тафтиш кунанд. Ҳамчунин, тавсия додаанд муаллифони гузориши Афви байнулмилал, бояд интиқоли фаврии афроди гумонбар ба маҳбасу боздоштгоҳ таъмин шавад ва тайи се соат баъд аз маҳрумият аз озодӣ онҳо дар ҷойи расмии ҳабс сабти ном шаванд.

Бино ба омори Додситонии кулли Тоҷикистон, ки ахиран “Азия Плюс” нашр кард, тайи ин 3 сол - аз соли 2007 то поёни соли 2009 - дар Тоҷикистон бо ҷурми “берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ” 174 нафар ба додгоҳ ва 709 корманди мақомоти интизомӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Он солҳои қонуни ҷиноии Тоҷикистон банди махсуси муҷозот барои шиканҷаро надошт ва ин ҷурм бар пояи банди “берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ” муҷозот мешуд.
XS
SM
MD
LG