Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвирҳои тарсноке аз зиндонҳои Тоҷикистон


29-уми октябр дар Женева нишасти 49-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа оғоз мешавад, ки Тоҷикистон низ дар он гузориш хоҳад дод.

Интизор меравад, ба зудӣ як ҳайати давлатии Тоҷикистон ба раҳбарии Шерхон Салимзода, додситони кул ба шаҳри Женева сафар карда ба суолҳои намояндагони Созмони Милал посух бидиҳанд, ки ҳукумати кишвар дар чанд соли гузашта барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону боздоштшудагон чӣ корҳоеро анҷом додааст. Тоҷикистон дар баробари 8 кишвари дигар дар бораи талошҳояш барои қатъи шиканҷа гузориш хоҳад дод. Навбати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр мерасад.

Аз ҷумлаи онҳое ки барои посух додан ба суолҳои намояндагони Созмони Милал ба Женева меоянд, Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон, Зафар Азизов, раиси Шӯрои Адлия ва Нурулло Орипов, муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳастанд.

Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар матбуоти Тоҷикистон масъалаи зулму шиканҷа ба зиндониёну боздоштшудагон тақрибан ҳар ҳафта баррасӣ мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Созмони Милал
Аз тозатарин мавориди бадрафторӣ бо зиндониён, марги Ҳамза Икромзода аст, ки ба иддаои наздиконаш бар асари шиканҷа фавтидааст.
Аз тозатарин мавориди бадрафторӣ бо зиндониён, марги Ҳамза Икромзода аст, ки ба иддаои наздиконаш бар асари шиканҷа фавтидааст.
низ гуфтаанд, ки маъмурони интизомӣ зимни тафтиши қазияе, барои ҳосил кардани эътироф ба гуноҳе, аксар вақт боздоштшудагонро азобу шиканҷа медиҳанд. Вазъ дар зиндонҳо низ бадтар аст, ки ба он ҷо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқро роҳ намедиҳанд.

Дар баробари гузориши ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Женева, ки қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр шурӯъ шавад, ҳамчунин гузориши алтернативие ба дасти намояндагони Созмони Милал аз гурӯҳе аз созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон низ расидааст, ки дар он гуфта шудааст, ки истифода аз шиканҷаву зӯр ва рафтори ғайриинсонӣ дар зиндону боздоштгоҳҳо пайваста мушоҳида мешавад.

Дар ин гузориши 52-сафҳагӣ, ки дар торнамои Созмони Милал нашр шудааст, гуфта мешавад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон танҳо дар тӯли солҳои 2010 то соли равон, 96 қазияи марбут ба шиканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусон ва ё боздоштшудагонро сабт кардаанд, ҳарчанд даҳҳо қазияи дигар аст, ки ҷабрдидагонаш аз тарси ҷазои сахттар ва ё беэътимодӣ ба таҳқиқи одилонаи қазия, шикоят намекунанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, аз навъҳои маъмули шиканҷа, ба нерӯи барқ мондан, рехтани оби сард дар ҳавои кушод дар зимистон, калтаккӯбии маҳбусон, задан ба зону ва гурдаҳо бо калтак (дубинка), нигаҳ доштан дар таҳхонаи сард, сӯзондани бадан бо сигор, урён кардани занҳои зиндонӣ ва акс гирифтани онҳо барои таҳдид ва ғайра аст.

Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст, ки аз навъҳои шиканҷаи равонӣ, ин аст, ки маъмурони интизомӣ наздикони боздоштшударо дар назди ӯ ошкор таҳқир мекунанд ва ё таҳдид мекунанд, ки хеше аз онҳоро урён акс гирифта ва дар интернет паҳн мекунанд ва ё дигар боздоштшударо мезананд, то фарди муттаҳам аз тарс гуноҳеро ба гардан бигирад.

Дар нишасти Созмони Милал дар баробари матраҳ шудани ин суолҳо ҳамчунин аз
Гуфта мешавад, ки Сафаралӣ Сангов ҳам бар асари латукӯби маъмурони пулис ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ки Сафаралӣ Сангов ҳам бар асари латукӯби маъмурони пулис ба ҳалокат расидааст.
ҳайати Тоҷикистон хоҳанд хост, ки қазияҳои пурсарусадои Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки гӯё аз латукуби бераҳмонаи маъмурони интизомӣ фавтидаанд ва ҳамчунин чанд парвандаи тозаи дигарро шарҳ диҳанд.

Гузашта аз ин дар бораи шароити зиндонҳо низ аз мақомоти Тоҷикистон суол хоҳад шуд, ки ба гуфтаи муаллифони гузориши алтернативии муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон, тарсноканд ва аз ҷумла утоқҳои тангу тор доранд. Дар баъзе ҷойҳо 15 маҳбус як туалет доранд ва пеши он низ пӯшида нест ва обро ҳам ба он бояд дастӣ бирезанд. Дар нишасти Созмони Милал ҳамчунин дар бораи хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон ҳам баҳс мешавад, ки ҳар ду зуҳурот ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ба як расм табдил шудаанд.

Айни замон дар гузориш тадбирҳои андешидаи давлати Тоҷикистон барои решакан кардани шиканҷаро зикр кардаанд, ки аз ҷумла таъйини ҷазои махсус барои шиканҷа аст. Ҳамчунин дигар санадҳои расмӣ низ дар ин замина қабул шуда ва бар асоси амрҳои махсус, чорабиниҳое барои боло бурдани сатҳи огаҳӣ дар бораи ин масъала баргузор шудаанд.

Муҳофизати шоҳидони қазияҳои шиканҷа низ бар асоси қонун замонат дода шудааст ва додситонии Тоҷикистон тавсияҳои хос барои таҳқиқи парвандаҳо дар мавриди шиканҷаву бадрафториро омода мекунад. Худи мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам эътироф кардаанд, ки ба истилоҳ “кор бе камбудӣ” намешавад, аммо айни замон мегӯянд, ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи муносибат бо зиндониёни боздоштшудагон муболиға мекунанд. Давлати Тоҷикистон гуфтааст, аз соли 2007-ум то соли 2009-ум бештар аз 170 нафарро бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ҷазо додааст ва бештар аз 700 нафар ҳам ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG