Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифоъ: Баёноти таҳти шиканҷа ғайриқонунӣ дониста шавад


Баҳромиддин Шодиев тирамоҳи соли гузашта бар асари шиканҷаи милиса даргузашт.
Баҳромиддин Шодиев тирамоҳи соли гузашта бар асари шиканҷаи милиса даргузашт.

26-уми июн рӯзи ҷаҳонии пуштибонии қурбониёни шиканҷа аст.

Вакилони мудофеи Тоҷикистон мегӯянд, то замоне ки баёноти таҳти шиканҷа додашуда ғайриқонунӣ дониста нашавад, мубориза бо шиканҷаи боздоштшудаҳо ва гумонбарон бенатиҷа хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки истифодаи нерӯи барқ, таҷовуз ба номус, сабти видеоӣ ва аккосии ҷараёни он, лату кӯб, сӯзонидани бадан бо сигор, шоки электрикӣ ва ғайра аз навъҳои маъмулӣ ва ваҳшатноктарини шиканҷа дар боздоштгоҳҳову маҳбасҳои Тоҷикистон дониста мешавад.

Тибқи иттилои Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, аз соли 2007-ум то 2010-ум танҳо ба ин созмон 176 шикоят дар мавриди шиканҷа ворид шудааст, ки 50 мавриди онҳо собит шудаанд. Хуан Мендез, гузоришгари хоси Созмони Милал оид ба шиканҷа, низ дар як боздиди пажӯҳишии худ аз зиндонҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ гуфт, дар аксари ҳолатҳо шиканҷаи боздоштшудаҳо дар марҳилаи
Хуан Мендез
Хуан Мендез
то замони расидани кор то ба додгоҳ сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, “мояи нигаронист, ки додгоҳҳои Тоҷикистон иқрор ба ҷинояти тариқи шиканҷа бадастомадаро ҳамчун далели мӯътамад истифода мекунанд ва моддаи 88-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки иттилои тариқи шиканҷа бадастомадаро ғайри қобили истифода дар додгоҳ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ истифода нашудааст."

Мендез, ки моҳи май аз 17 зиндону боздоштгоҳи муваққатӣ дар Тоҷикистон дидан карда, бо қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо сӯҳбатҳои рӯбарӯ доштааст, мегӯяд, яке аз далоили дигари густариши шиканҷа, маҳдудияти дастрасии вакилони дифоъ ба боздоштшудагон аст.

Мақомоти Тоҷикистон: "Тоҷикистон шиканҷаро маҳкум мекунад"


Октябри соли 2011 гурӯҳи мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон дар Шӯрои СММ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар ва шиканҷа дар кишвар гузориш доданд. Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода аз ҷумла гуфт, "аз рӯзе, ки кишвари мустақили Тоҷикистон ташкил шуд, мақомот ба риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд ва барои риояи ин озодиҳо талош мекунанд." Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, “ҳоло қонунгузориҳои кишвар шиканҷаро маҳкум мекунанд ва ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор бигирад.”

Шерхон Салимзода гуфт, дар тӯли соли 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, нисбат ба ин 16 мавриди шиканҷа ва бадрафтории сокинон парвандаҳои ҷиноӣ боз ва 12 парванда ба додгоҳ ирсол шуд, ки гуноҳкорон ҷазо гирифтанд.

"Вале на ҳамаи мавридҳои шиканҷа бо ҳадафи эътирофи содиршавии ҷиноят сабт шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 1 ҳазору 600 корманди сохторҳои умури дохила аз рӯи ингуна шикоятҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 77 нафари онҳо аз кор ронда шуданд”,-афзуд ӯ.




"Куштори Ленинро ҳам ба гардан мегирӣ..."

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ мегӯяд, мушкил дар он аст, ки ашхосе ки нисбати онҳо шиканҷа раво дида мешавад, наметавонанд, онро исбот намоянд. Зеро маъмулан баъд аз додани баёноти дилхоҳ ба мақомоти қудратӣ, онҳоро масъулин дар боздоштгоҳ то даме, ки захмҳояшон шифо наёбад, ба ҷои дигар интиқол намедиҳанд ва ё барои вакилони мудофеъ ва пайвандонашон иҷозаи мулоқот бо боздоштшударо намедиҳанд.

Шӯҳрат Қудратов дар бораи таҷрибаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон чунин гуфт: "Пеш аз он ки нисбати боздоштшудаҳо шиканҷаро раво бинанд, дар бисёр маврид аз онҳо забонхат мегиранд, ки гӯиё ба онҳо адвокат лозим нест ва
Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов
худашон мустақилона аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунанд. Ин аризаҳо роҳи вакилони мудофеъро мебандад. Аз таҷрибаи кориам метавонам гӯям, ки маъмулан нисбати ашхоси боздоштшуда нерӯи барқ истифода мешавад ва баъзе аз кормандони мақомоти қудратӣ ин дастгоҳро дар миёни худ "LG" ном мебаранд. Ноқилҳои аз дастгоҳи хурди ҳудудан дарозиаш 20 см ва паҳнояш 30 см-ро, ки ба таври механикӣ ё дастӣ фаъолият мекунад, ба дасту пойҳои одамон мебанданд ва ба онҳо барқ мегузаронанд. Ин дастгоҳ то 90-100 волт барқ истеҳсол мекунад. Ин миқдор барқ ба марг оварда намерасонад, аммо инсонро ба даҳшат меоард ва таҳаммули азоби он ғайриимкон аст."

Ин вакили дифоъ афзуд, ҳоло дар даст аризаи як тоҷики шаҳрванди Русияро дорад, ки ба додситонии кулли Федератсияи Русия дар бораи таҷовуз шуданаш ба ҳангоми боздошт дар Тоҷикистон шикоят кардааст. "Ҳоло нисбати ин кормандони ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст,"-гуфт вай.

Як хабарнигоре, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро бо тӯҳмате як муддат боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. "Чунон лату кӯб мекунанд, ки куштори Ленинро ҳам ба гардан мегирӣ",-гуфт ӯ дар сӯҳбат бо мо.

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, гуфт, шадидтарин шиканҷа - таҷовуз ба номус маъмулан нисбати онҳое истифода мешавад, ки барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав гумонбар дониста шудаанд. Ӯ мегӯяд, вақте мард аз ҷониби шахси масъул таҷовуз мешавад, одатан кӯшиш мекунад, ки онро пинҳон нигоҳ дорад.

Файзинисо Воҳидова
Файзинисо Воҳидова
"Дар таҷрибаи ман ин гуна шудааст, ки дар лаҳзаҳои охир дар додгоҳ ин сир кушода шуд, вале аз ҷониби додгоҳ барои санҷида баромадани ин ҳодиса тасмиме гирифта нашуд. Бо сабаби ин ки қурбониёни шиканҷа медонанд, ки аз дасти додрасҳо чизе намеояд ва онҳо мустақил нестанд, хомӯширо авлотар меҳисобанд. Масалан, соли 2003-юм як зерҳимояамро, ки зан буд дар мақомоти қудратӣ таҷовуз карда буданд. Аммо на бо роҳи биологӣ, балки бо "дубинка". Ҳарчанд ин зан воқеан даст ба куштор зада буд, аммо боз ҳам кас ҳақ надорад шиканҷа, бахусус ин навъи ваҳшатноки азияти муттаҳамро ба кор барад."

Даъвати президент ба амал

Гурӯҳи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии пуштибонии қурбониёни шиканҷа даъват карданд, ки шиканҷаро маҳкум ва зидди ин падида муборизаи шадид эълон кунад. 14 созмони маҳаллӣ, аз ҷумла "Авесто”, Бюрои ҳуқуқи башар ва назорати иҷрои қонун, Лигаи занони ҳуқуқшинос, Маркази мустақили ҳимояти ҳуқуқи инсон, Маркази дифоъ аз ҳукуқи кӯдак ва дигарон мегӯянд, ки бо вуҷуди иқдомҳои мусбат дар самти таваҷҷӯҳ ба вуҷуди ин масъала, шиканҷа чун мушкили пайваста ва тавсеаёфтаи ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ин созмонҳо мегӯянд, шикоят аз шиканҷа назар ба омори расмӣ бештар буда, шумори парвандаҳои ҷиноие, ки марбут ба шиканҷаву азияти инсон боз мешаванд, аз воқеият дур ҳастанд. Ба қавли онҳо, беҷазо мондани мақомот барои роҳ додани шиканҷа ҳам як масъалаи пайваставу маъмулист, ки боиси афзоиши ин масъала мешавад. Фаъолони ҳуқуқ дар муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон бар пояи таҳлилҳои мутахассисони соҳа мегӯянд, шиканҷа масъалаи доғтарини низоми дардноктарии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон даъват мешавад, ки дар амри мубориза бо шиканҷа барномаи давлатии дарозмуддат қабул ва дар чаҳорчӯби он сохторҳои масъул мушаххас шаванд, ки бо маблағи муайяни буҷаи давлатӣ сари ин масъала кор кунанд. Нозирони бетараф ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ имкони дастрасӣ ба тамоми муассисаҳои пӯшида, маҳбасу боздоштгоҳҳо ва касалхонаҳои амрози рӯҳӣ дошта бошанд. Хазинаи махсуси ёрӣ ба қурбониҳои шиканҷа таъсис шавад.

Созмони Афви Байналмилал дар гузориши имсолаи худ дубора ба масъалаи мубориза бо шиканҷа муроҷиат кард ва аз ҷумла ба муҷозоти шадидтарин кормандони милиса ва ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон, ки даст ба шиканҷа мезананд, даъват кард. Афви байналмилалӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд акнун ҷиҳати таҳқиқи фарогири тамоми мавридҳои шиканҷа, аз ҷумла ҳалокати Исмонбой Бобоев, Назарқул Халилқулов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт иқдом кунад ва ба мақомоти интизомиаш паёми рӯшан бифиристад, ки бадрафториро дигар таҳаммул намекунад.

Роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷа кадоманд?

Файзинисо Воҳидова мутмаин аст, ки барои комилан аз байн бурдани шиканҷа дар Тоҷикистон қонунҳо бояд комилан мавриди истифода қарор гирифта, додгоҳҳо мустақил шаванд. Боло бурдани сатҳи касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқ яке дигар аз ин роҳҳо гуфта мешавад.

Соли 1997-ум бо тавсияи СММ, 26-уми июн чун рӯзи ҷаҳонии пуштибонӣ аз қурбониёни шиканҷа эълон шудааст. Эъломия зидди шиканҷа ва дигар муносиботи ғайринсоние, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад, соли 1984-ум таҳия шуда, 26 июни соли 1987-ум қувваи қонунӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG