Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи Амрико(Live)

Бо анҷоми раъйдиҳӣ дар бештари аёлатҳои Амрико, аввалин натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА эълон мешаванд.

07:01 7.11.2012

07:18 7.11.2012
Бино бар пешбиниҳо, Митт Ромнӣ бо 152 раъйи интихобӣ дар муқоиса ба Барак Обама, ки то кунун 123 раъйи интихобӣ ба даст овардааст, пешсаф мебошад.
07:36 7.11.2012
Овоздиҳӣ дар 39 аёлати ИМА ба охир расида, ҳисоби раъйҳо оғоз шудааст. Бар пояи пешбиниҳои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ феълан Обама 143 раъйи интихобӣ ва Ромнӣ 152 раъйи интихобиро ба даст овардаанд. Обама дар аёлатҳои Иллинойс, Делавар, Массачусетс, Мериленд, шаҳри Вашингтон, ҳамчунон аёлатҳои Коннектикат, Вермонт, Мичиган, Ню Ҷерсӣ, Нюйорк ва Мейн пирӯз шуда, Ромнӣ дар аёлатҳои Индиана, Вирҷинияи ғарбӣ, Кентакӣ, Оклаҳома, Ҷорҷия ва Каролинаи ҷанубӣ, Тенессӣ, Миссисипӣ, Алабама, Тексас, Небраска, Вайоминг, Дакотаи шимолӣ, Дакотаи ҷанубӣ, Луизиана ва Канзас дастболо гардидаст. Барои пирӯзӣ дар интихобот номзад бояд камаш 270 раъйи интихобӣ дар ихтиёр дошта бошад.
07:46 7.11.2012
Тибқи натиҷаҳои пешакӣ Барак Обама баъди пирӯзӣ дар Висконсин, ки яке аз аёлатҳои «калаванда» маҳсуб меёфт, ниҳоят аз ҳарифаш Митт Ромнӣ пеш гузашт. Бар пояи пешбиниҳои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ феълан Обама 153 раъйи интихобӣ ва Ромнӣ 152 раъйи интихобиро ба даст овардаанд. Барои пирӯзӣ дар интихобот номзад бояд камаш 270 раъйи интихобӣ дар ихтиёр дошта бошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG