06:15
7.11.2012
Дар аёлати Каролинаи Шимолӣ номзади ҷумҳурихоҳон Митт Ромнӣ дастболо шуда, 9 раъйи интихобии дигар ба даст овард. Ба ин тартиб, то ин лаҳза Барак Обама, пас аз пирӯзиаш дар аёлати Вермонт, 3 раъйи интихобӣ ва Митт Ромнӣ бо пирӯзиаш дар аёлатҳои Кентаккӣ, Индиана, Вирҷинияи Ғарбӣ ва Каролинаи Шимолӣ 33 раъйи интихобӣ ба даст овардаанд.
06:14
7.11.2012
Дар ҳоле ки амрикоиҳо дар интихоботи президентӣ овоз медиҳанд, нархи нафт боло рафтааст. Рӯзи сешанбе дар бозори Ню-Йорк нархи нафти хоми сабук дар муқоиса бо як рӯзи пеш 3 доллар афзоиш ёфта, ба 88,71 доллар расид. Дар бозори Лондон бошад, нархи нафти навъи Brent 3,34 доллар боло рафта, ба 111, 07 доллари амрикоӣ баробар шуд. Бозорҳои авроқ (коғазҳо)-и гаронбаҳои Амрикоро низ ҳамин гуна гароншавӣ фаро гирифтааст.
06:13
7.11.2012
Дар Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ бо раисиҷумҳур ҳамчунин вакилон барои 33 курсии холишудаи сенати Амрико ва тамоми 435 вакили Маҷлиси Намояндагонро интихоб мекунанд.
06:13
7.11.2012
Рӯзи шашуми ноябр даҳҳо миллион нафар дар саросари Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданд, ки дар он Барак Обама, раисиҷумҳури феълӣ ва Митт Ромнӣ рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бо ҳам рақобат доранд.