Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: "Маро ба Сталин монанд накунед"


Раҳбари худкомаи Беларус талошҳоеро, ки ӯро ба диктатори Шӯравӣ Иосиф Сталин “шабоҳат” медиҳанд, дур аз воқеият арзёбӣ кард.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, дар нишасти хабарие бо рӯзноманигорони рус талошҳои мухолифонашро ғазаболудона маҳкум намуд ва гуфт, онҳо талош доранд Сталин ва раҳбари болшевикон Владимир Ленинро “сиёҳ” кунанд.

“Ним қарни дигар хоҳад гузашт ва ба мо чӣ тарз баҳо хоҳанд дод? Агар дар мо ба ҳимоят аз равишҳои ғарбӣ оғоз кунанд, ба ман бадтар аз Сталин баҳо медиҳанд. Онҳо хоҳанд гуфт, ки Лукашенко дар кӯчаву хиёбонҳо одамон, ба вижа занонро тӯъмаи худ мекард, мехӯрд ва аз ҳамин қабил ҳарфҳо. Дақиқан ҳамин тавр Сталин ва Ленинро “сиёҳ” мекунанд”,-гуфт ӯ.

Раҳбари Беларус изҳор дошт, вай аз ин ду раҳбар хеле чизҳо омӯхтааст, аз ин ду раҳбаре, ки дар солҳои Шӯравӣ ва дар солҳои инқилоби болшевикҳо барои куштори миллионҳо нафар гунаҳгор дониста мешаванд: “Ман намегӯям, ки мухолифи Сталин ва Ленин ҳастам. Баръакс, ман аз Ленин ва Сталин хеле қафо мондаам."

Лукашенко, раҳбари яке аз колхозҳои давраи Шӯравӣ, бо истифода аз имкон бори дигар ба мухолифони сиёсиаш дар Беларус неш зад ва эътирозҳои мухолифонро ба боди интиқод гирифт: “Онҳо ҳамаи ин корҳоро барои провокатсия анҷом медиҳанд. Вале мо ба шасти онҳо намеафтем, чангакро фурӯ мебарем. Бо назардошти он ки мо ҳукумат ҳастем, онҳоро боздошт ва зиндонӣ мекунем. Беҳтар аст, ба онҳо ин имконро надиҳем ва аз он пешгирӣ ба амал ояд. Ҳамин фаъолияти ошкорои онҳо дар чашми ҷомеа камбудии кори мост."

Лукашенко аз соли 1994 ба ин сӯ бо “мушти оҳанӣ” Беларусро раҳбарӣ мекунад. Созмонҳои ғарбии нозир бар интихобот ягон интихобот дар ин кишварро аз соли 1995 то ҳол озод ё одилона арзёбӣ накардаанд. Интихоботи парлумонии як моҳи пеш намунаи он мебошад, ки мухолифони сиёсӣ натавонистанд ҳатто як курсӣ дар парлумонро ишғол кунанд.

Ҳоло муносиботи Ғарб бо Лукашенко чандон хуб нест. Давлати Ҷорҷ Буши хурдӣ, раисиҷумҳури пешини Амрико, Лукашенкоро охирин диктатори Аврупо арзёбӣ карда буд. Баъд аз инитихоби такрориаш дар декабри соли 2010 Лукашенко тазоҳуроти мухолифонро саркӯб кард. Садҳо нафарро боздошт ва ба мӯҳлатҳои тулонӣ ба зиндон андохт. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳоло дар Беларус даҳҳо нафар фаъоли мухолифон дар зиндон нишастаанд.

Изҳороти ахири Лукашенко баъд аз як рӯзи эъломияи Иттиҳодияи Аврупо садо дод. Аврупо эълон кард, ба нишони эътироз бар зидди вазъи ҳуқуқи башар дар Беларус таҳримҳоро бар зидди режими ин кишвар тамдид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG