Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду нафар дар Беларус. Қонун ё интиқом?


Владислав Ковалёв ҳангоми баррасии парвандааш дар додгоҳи Минск. Моҳи сентябри соли 2011
Владислав Ковалёв ҳангоми баррасии парвандааш дар додгоҳи Минск. Моҳи сентябри соли 2011

Вазири умури хориҷии Олмон қатли ду нафари муттаҳам дар бомбгузории метрои шаҳри Минскро маҳкум кард.

Бино ба хабари матбуоти Беларус, дар ин кишвар ҳукми қатли Владислав Ковалёв ва Дмитрий Канавалёв иҷро шудааст. Ин ду тан барои бомбгузорӣ дар метрои шаҳри Минск дар соли 2011 гунаҳкор дониста мешуданд.

Бо вуҷуди мухолифат ва эътирозҳои байнулмилалӣ аз гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Аврупо мақомоти Беларус ин ҳукмро ба иҷро даровардаанд. Владислав ва Дмитрий ҳамагӣ 26-солӣ доштанд.

Гуйдо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, ин амалро маҳкум кард. Додгоҳ моҳи ноябри соли гузашта барои бомгузорӣ дар истгоҳи “Октябр”-и метрои Минск ба ин ду нафар ҳукми қатл содир кард. Дар ин бомбгузорӣ 15 нафар кушта, тақрибан 300 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Любов Ковалёва, модари Владислав гуфт, ҳукми қатли писари вай қасосгирии ҳукумати президент Александр Лукашенко мебошад: “Онҳо фикр карданд, ки бачаҳоро метарсонанд ва онҳо ором менишинанд. Бале, Дима ором шуд, вале писари ман не. Ана, чӣ шуд... Ҳамаи сенарияи онҳо аз ҳамин роҳ мерафт. Онҳо ҳамон вақт ин ҳукмро иҷро мекарданд. Ба онҳо писари ман халал расонд ва онҳо аз ману писарам қасос гирифтанд.”

Дар Брюссел хонум Майа Котсианчич, сухангӯи Кетрин Эштон -- раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба ин хабар вокуниш нишон дод ва гуфт, “агар ин хабар таъйид шавад, мо онро маҳкум мекунем.” Беларус танҳо кишвари аврупоист, ки дар он ҳукми қатл вуҷуд дорад.

Ковалева: "Онҳо ҳатто аз мурдаи писарам метарсанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG