Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза бо қавмгароӣ. Аввал имтиҳон - баъд курсӣ


Дар Афғонистон садҳо нафар талабгори ҷойи кор дар ниҳодҳои давлатӣ ҳоло имтиҳон месупоранд.

Довталабони ҷойи кор дар ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Афғонистон аз ҷумла ба ин суолҳо бояд ҷавоб диҳанд, "агар шумо, раиси ноҳия таъйин шавед, чӣ гуна масоили амниятиро ҳал мекунед? Чӣ гуна дар ҷомеаи муҳофизакори Афғонистон ҳуқуқи баробари зан бо мардро таъмин мекунед? Ё чӣ гуна дар маҳалҳое, ки ба ҳукумат эътимоди зиёд надоранд, сиёсати ҳукуматро амалӣ мекунед?"

Садҳо нафар аз саросари Афғонистон ҳамин моҳ дар имтиҳон барои ҷойи кор ба ин суолҳо ҷавоб гуфтанд ва мумкин аст, даҳҳо нафари онҳо ба зудӣ масалан курсии раиси ноҳияеро бигиранд ва дар пайи иҷрои амалии он масъалаҳо шаванд. Имтиҳонҳо барои гирифтани мақоми баланд дар ниҳодҳои давлатии Афғонистон, як талоши ҳукумат барои решакан кардани қавмгароӣ хонда шудааст, ки дар саросари ин кишвар реша гирифтааст.

Ҳоло ҳукумати Афғонистон мехоҳад, ба ҷомеа ва кишварҳои донор нишон бидиҳад, ки алайҳи қавмгароӣ мубориза мебарад ва мақомҳои ҳукуматиро бар асоси шоистагӣ ба касе медиҳад, на мисли пештара бо назардошти хеши кадом касе буданаш. Комиссияи ислоҳоти идорӣ ва хадамоти мулкии Афғонистон баргузоркунандаи имтиҳонҳо мегӯяд, барои гирифтани мақоме дар сатҳи болову миёна ва поин тақрибан 2 ҳазор нафар аз саросари кишвар дар ин имтиҳонҳо ширкат варзидаанд.

Дар Афғонистон бисёриҳо фикр мекунанд, мансаби муовини раиси вилоят, раисони ноҳияҳо ва дигар мақомҳои баландро бар асоси ришва медиҳанд ва ё наздикони кадом як вазирро таъйин мекунанд. Азизулло Ориёфар, яке аз масъулони Комиссияи ислоҳоти идории Афғонистон гуфт, аз миёни 2 ҳазор довталаб 300 номзад ба марҳилаи дувум гузаштаанд: "Имтиҳон ин тавр буд, ки мо шаш савол сохтем дар иртибот ба паҳлуҳои мухталифи вазоифе, ки инҳо анҷом медиҳанд, ба мисли барномарезиву стротежӣ, иртиботот ва вазоифи мудириятӣ. Ин суолҳо ҳамзамон як соат қабл аз имтиҳонҳо омода шуданд."

Ба гуфтаи Азизулло Ориёфар, дар ҷараёни интихоби номзадҳо қавму миллияти онҳо, иртиботашон ба кадом гуруҳи сиёсӣ аҳамият надоштанд, ба истиснои меъёри қабули бештари довталабон аз ҳисоби занон. Аммо бо вуҷуди ташвиқи Комиссия, танҳо 6 зани афғон барои гирифтани мақоме дар ҳукумати Афғонистон ариза додааст. Масъулони ин Комиссия мегӯянд, дар тамоми марҳилаҳо, сар аз интихоби номзадҳо то ба имтиҳонҳои қабул ба кор ва мусоҳиба бо номзад тадобире андешидааст, ки ба рафиқбозиву фиребкорӣ роҳ дода нашавад. Тамоми ин ҷараёнро нозирони мустақил аз порлумону Фарҳангистони Улум ва хабарнигорони Афғонистон ҳам назорат мекардаанд.

Ҳоло ҳазорон номзаде, ки имтиҳони шоистагӣ барои кор додаанд, бесаброна мунтазири натиҷаи имтиҳонҳоянд. Онҳое, ки аз марҳилаҳои аввалу имтиҳони хаттӣ гузаштаанд, баъд аз мусоҳиба ҳатман ба кор қабул мешаванд. Кабир Аҳмад Роҳил аз рустои Давлатшоҳии вилояти Парвон, умедвор аст, ба ҳайси раиси ноҳия ба назди ҳамсар ва ҳашт фарзандаш бармегардад.

“Иншоаллоҳ, яқин дорам, ки ман дар имтиҳоне, ки барои ин мақом додам, муваффақ мешавам”,-мегӯяд ӯ. Аҳмад Роҳил, ки се моҳ боз бекор будааст, аз огаҳиҳои телевизион дар бораи имтиҳонҳо барои ҷойҳои корӣ хабар шудааст. Ӯ, ки собиқаи тӯлонии корӣ дар ниҳодҳои давлатии Афғонистонро дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун беадолатие дар ҷараёни имтиҳонҳо мушоҳида накардааст, аз ин рӯ ба чунин шеваи интихоб ба мақомҳои давлатӣ бовар дорад.
XS
SM
MD
LG