Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро вазирон хидматгори мардум нестанд?


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми солонаи худ аз мансабдорони давлат хост, мафкураи худро иваз кунанд.

Ин даъват, ки аз як сӯ баёнгари ноқаноатмандии шадиди президент аз вазирони ҳукуматаш буд, аз сӯи дигар суолеро ба миён овард, ки чаро ҷаноби Раҳмон онҳоро ба тағйири мафкура даъват кард ва оё иҷрои ин даъвати раисиҷумҳур то куҷо имконпазир хоҳад буд.

Президент даъват кард, амри "хизмат ба мардум"
Заминӣ шудан даркор, мӯҳтарам вазирҳо. Вазир худо нест, вазир подшоҳ нест. Вазир хидматгори халқ аст...
дар маркази ин мафкура ҷой дода шавад, на баракс, девонсолорӣ ва дастнорасии мансабдорон ва фосилаи байни онҳову аҳолии кишвар.

Ҷаноби Раҳмон, ки бо лаҳни тунд аз фаъолияти вазирони ҳукумати худ интиқод мекард, онҳоро ба ноогоҳӣ аз авзои ҷомеа ва такаббуру ҳавобаландӣ муттаҳам намуд.

Вай гуфт: ”Заминӣ шудан даркор, мӯҳтарам вазирҳо. Вазир худо нест, вазир подшоҳ нест. Вазир хидматгори халқ аст. Баъзан дарҳоятонро дар моҳ намекушоед ба рӯи мардум. Муовинонатонро ҳатто қабул намекунед. Ин тенденсия ва ин тарзи корро шикастан даркор. Ё ислоҳ мешавед, ё ҷойро холӣ мекунед.»

Бештари таҳлилгарон ва ҷомеашиносон арзёбӣ ва баҳои раиси ҷумҳур ба фаъолияту амали вазиронро дуруст меҳисобанд, аммо илати пеш омадани чунин вазъро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд.

НАБУДИ НАЗОРАТИ ШАҲРВАНДӢ


Ҷомеашинос Сайфулло Муллоҷонов мегӯяд, дуруст аст, ки вазиронро ба вазифа раиси ҷумҳур таъин мекунад. Вале мушкил дар он аст, ки фаъолияти онҳо аз сӯи мардум назорат намешавад.

Ба бовари ҷаноби Муллоҷонов дар ҳоле, ки назорати мардум аз тариқи парлумон, яъне намояндагони мардум бояд сурат бигирад, аммо парлумон аз чунин салоҳият маҳрум аст: «Фосиларо худи ҷаноби президент ҳам дарк кард, ки он миёни мардум ва вазиронашон зиёд аст. Ва мушкиле, ки имрӯз дар сохтори идории мо мушоҳида мешавад, ин аст, ки парлумон ҳеҷ мақоме надорад. Президент аз вазирҳо талаб мекунад, аммо мақомоти дигаре, ки аз вазоратҳо талаб кунанд, мисле ки ҳатто кишварҳои ҷаҳони саввум роиҷ аст, барои мисол гоҳ вазирҳои пешниҳодии президентро парлумон рад кунанд. нест."

Ҷаноби Муллоҷонов меафзояд, вазъ ингуна аст, ки вазирон амалан беназоратанд ва дар ин масъала шохаи қонунгузори кишвар ба ақидаи ӯ, "халъи салоҳият" шудааст.

ДУРӢ АЗ ФАННОВАРИҲОИ НАВ


Вале як нуктаи дигар, ки коршиносон камбуд ва норасоии вазирони имрӯзаи ҳукумат меҳисобанд, аз фанновариҳои нав, барои намуна, аз муомила бо интернет, имейл бехабар ва ноогоҳ будани бештари онҳост.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки бархе аз вазирони ҳукумат дастпарвари замони шӯравианд ва хеле мушкил аст, ки онҳо дар ин синнусол бо таҳаввулоти имрӯза ҳампоӣ кунанд. Ҳамин аст, ки дар усули роҳбарӣ ва кор низ кадом дигаргуниеро аз онҳо интизор шудан мушкил аст.

Аммо таҳлигарони дигар, Раҷаби Мирзо, бар ин аст, ки интиқоди раиси ҷумҳурӣ аз фаъолияти вазирони ҳукумат ва набуди робита миёни онҳо бо мардум ҳарфи тоза нест.

ИБРАТ АЗ БОЛОСТ?


Ба ақидаи ҷаноби Мирзо, пас аз садо додани айни иттиҳоми раисиҷумҳур дар паёми соли гузашта, масъулони давлатӣ рӯзи шанберо ба қабули сокинон ихтисос доданд. Вале аз онки президент боз ҳам ин масъаларо дар миён гузоштааст бармеояд, ки вазъ тағйир наёфтааст.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо мегӯяд, мушкил ин ҷост, ки вазирон дар пайравӣ аз худи раиси ҷумҳурӣ ба ин корҳо даст мезанад. Ҳатто дар ҷалби фарзандону таборони худ ба мансабҳо низ аз ӯ пайравӣ мекунанд: «Дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон, албатта, ҳар амале, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар сурат мегирад, бевосита тақлидшаванда аст."

Ба назари таҳлилгар, самимияти ин гуфта ва ё ишораҳои президент замоне тасдиқ хоҳад шуд, ки дар дастгоҳи шаҳру ноҳияҳо ва вазоратҳои Тоҷикистон шахсони ҳирфаӣ ба кор гирифта шаванд ва аз нафарони тасодуфӣ, ки "бо омилҳое чун хешутаборчигӣ, қавмгароӣ, маҳалгарӣ ва садоқати шахсӣ иборатанд, хотима гузошт ё не, ин, фикр мекунам, боз ҳам ба он вобастааст, ки кадоме аз роҳбарияти мамлакат худ ин иқдомро оғоз мекунад.»

Таҳлилгарон ва онҳое, ки аз тариқи шарҳу вокуниш дар сомонаҳои интернетӣ назари худро ба Паёми солонаи раисиҷумҳур баён доштанд, изҳори ҳайрат мекунанд, ки агар раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, вазъи мавҷударо ба ин нозукӣ медонад, чаро ҳамчун сардори давлат даст ба амал намезанад?

РОҲИ ҲАЛ КУҶОСТ?


Ба бовари вакили парлумони Тоҷикистон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, мушкилоти марбут ба вазирони ҳукумат, ки раиси ҷумҳурӣ дар паёмаш матраҳ кард, роҳи ҳал дорад.

Ба бовари ҷаноби Кабирӣ, осонтар ва муфидтар ин
Муҳиддини Кабирӣ
хоҳад буд, ки ба ҷойи чунин вазироне, ки наметавонанд, бо шароити имрӯза мутобиқ шаванд, афроди шоиста ва муносиб интихоб ва таъин шаванд.

Вай мегӯяд, "чӣ гуна метавон мафкураи як мансабдорро иваз кард? Осонтар он аст, ки худи мансабдорро иваз кард ва касонеро ба мансаб таъйин кард, ки мафкураи нав доранд.»

ИШОРА БА ИҚДОМ?


Дар ҳамин ҳол Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, интиқоди раиси ҷумҳурӣ аз фаъолияти номуассири вазирон як навъ посух ба интизориҳои ҷомеа аз Паёми ӯ буд, ки як тағйироти бунёдии ҳукумати кишварро мехоҳад.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов
Аз нигоҳи ин коршинос, раиси ҷумҳур бо ишораҳое изҳор доштааст, ки як чунин дигаргунӣ ба наздикӣ сурат хоҳад гирифт: «Назарам ин аст, ки ду сол мешавад, ҷомеа интизори як тағйироти кадрӣ аст.Ин нуктаро президент хуб ҳис мекунад. Лекин мумкин фикр дорад, ки ҳоло фурсаташ нарасидааст. Аммо ин як навъ ҳушдор буд, ки чунин ислоҳот дер ё зуд ба вуқӯъ хоҳад пайваст.»

Бо ин ҳол раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, таъкид кард, ки масъулони давлат аз вазир, вакил, раиси навоҳиву вилоёт минбаъд муносибат ва муомила бо мардумро ба таври дуруст ба роҳ монанд. Вай гуфт, дар иҷрои ин амр барои ҳеҷ нафари мансабдор ва аз ҷумла худи ӯ, ки Президент аст, истисное ҷой нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG