Пайвандҳои дастрасӣ

Номи нахустин барандагони Ҷоизаи Нобел эълон шуд


Ҷон Гордон ва Шиния Ямаҳака

Ҷон Гардон аз Бритониё ва Шиния Ямаҳака аз Ҷопон ҷоизаи имсолаи Нобел дар умури тиббу физиологияро соҳиб шуданд.

Ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши тиббу физиология ба Ҷон Гардон аз Бритониё ва Шиния Ямаҳака аз Ҷопон дода шуд.

Горан Ҳанссон, узви Кумитаи Нобел дар Пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Стокҳолм, гуфт, "Анҷумани Нобел имрӯз қарор кард, ки Ҷоизаи Нобели соли 2012 дар бахши физиология ва тибро муштаракан ба Ҷон Гардон ва Шиния Ямаҳака барои ин кашфиёт, ҳуҷайраҳои баркамолро метавон бо барномасозии муҷаддад плюрипотент сохт, дода шавад."

Кумитаи Нобел мегӯяд, ин кашфиёт инқилоберо дар фаҳмиши роҳҳои рушди ҳуҷайраву мавҷудот ба бор овард.

Соли гузашта ин ҷоиза насиби се донишманд аз Канадаву Амрико ва Люксембург шуда буд. Яке аз ин донишмандон Ралф Штеймани канадагӣ се рӯз қабл аз дарёфти ин ҷоиза дунёро падруд гуфт. Баъдан ҷоизаи пулиро, ки наздики якуним миллион доллар арзиш дошт, ду тақсим карда, як нисфашро ба Бейтлеру Ҳоффман ва нисфи дигарашро ба номи Штейнмани марҳум эҳдо карда буданд.

Эъломи барандаи ҷоизаи тиб ба ҳафтаи эъломи ғолибони Ҷоизаи Нобел оғоз гузошт. То 15-уми октябр бояд барандагони ҳамаи 6 ҷоизаи имсола эълон шаванд. Ин ҷоизаро, ки маблағаш имсол ба далели буҳрони молӣ то 1,2 миллион доллар кам шуд, олими маъруфи швед, кашшофи динамит Алфред Нобел таъсис дода, он бори аввал соли 1901 эъто шуд.

Маросими эъто ё тақдими ҷоизаҳо 10-уми декабр, дар рӯзи фавти Нобел дар соли 1896, доир мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG