Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дунёи пластикӣ


Аз сафари Тоҷикистон бо андешае баргаштам, ки гӯё ватанам саропо пластикӣ шудааст.

Замоне пластикро “елим” ва зарфҳои пластикиро “елимӣ” меномиданд. Ин вожа имрӯз шояд ба бисёриҳо ноошно бошад, зеро кам андар кам истифода мешуд, ҳарчанд яке аз намунаҳои омӯзиши ҳарфи “Е” дар китоби “Алифбо”-и мо буд.

Елим ё пластикро имрӯз мешавад дар ҳама ҷо дид. Пиразани солманд ҳам дар даст пакети пластикӣ дораду мӯйи нозуки духтарони ҷавонро мӯбандаки елимӣ бастааст. Пироҳани “зарандуд”-и занон ва шиму пиҷаки “версачӣ”-и мардон аз акрилику полиестерҳои рангоранг аст. Куртаи додарзодаам, бо вуҷуди “дову дастгоҳ”-и ғарбияш, барчаспе надошт, ки дар куҷо ва аз чӣ матое дӯхта шудааст. Рӯйи дастархонҳо асалу мураббо, мева ё шириниҳо дар зарфҳои гулдори пластикии сохти Чин гузошта шудаанд. Аксу лавҳаҳои бузурги сари хиёбонҳо, шишаву шипанги дӯкону қаҳвахонаҳо ҳам аз пластик аст. Сутунҳову лӯлаҳои обгузар, мизу курсиҳо, кӯрпачаю дастархон ва ҳатто офтобаи таҳораткунии пирон низ.

Падари зиндаёдам намегузоштанд, ки духтарон калуши резиниро бе ҷӯроб ба по гиранд. Ҳоло мебинам, тамоми марду зани ватанам пойабзори пластикии чинӣ пӯшидаанд. Дуруст аст, ки чиноиҳои моҳир елимро чунон ба чарм монанд кардаанд, ки фарқ кардан душвор аст. Аз зер ба боло менигарам ва фикр мекунам, парчами баландтарини ҷаҳон низ аз пластик аст, на аз абрешими нарм.

Аз он ки дар ҳама ҷо ва сари ҳар қадам бо пластик рӯбарӯ мешавам, дигар ба назарам чунин меояд, ки дарахтону биноҳо, ҳайкалҳо ва мошинҳои даргузар ҳама пластикиянд. Дар тарабистону ошхонаву бозорҳо ин ҳама рӯз як помидоре наёфтам, ки бӯйи помидор дошта бошад ва биринҷу макарону гӯшту картошка ҳам дар даҳонам маззаи пластик мекард. Куҷо шуд он ғизои поку тозаву табиии тоҷикон? Агар ба гуфтаи Бӯалӣ, мо он чизе ҳастем, ки мехӯрем, пас низ андак-андак пластикӣ мешавем. Ҳазорон нафар ба иллати зиндагӣ дар ҷаҳони сохтаву сунъиву елимӣ ва он ҳам зери офтоби сӯзону андаруни чангу хок то рафт пластикӣ мешаванд. Чеҳраҳои мумиёии пластикӣ, саломҳои пластикӣ, хандаҳои пластикӣ, андешаҳои пластикӣ…

Бадбахтона, касеро ҳам наёфтам, ки ба ин зиндагии пластикӣ мухолиф бошад. Матои пластикӣ аз арбешимӣ 5 баробар арзонтар аст. Пойафзоли пластикӣ 50 сомонист, аммо чармӣ 300. Касе парвои онро надорад, ки ин ҳама елим ба саломатии ӯ ва кӯдаконаш хатари марговар дошта метавонад. Хабарҳои ин ки Иттиҳоди Аврупо истифодаи чанд навъи пластикро, ки зери ҳарорати баланд метавонанд аз худ заҳр ҷудо кунанд ва одамонро гирифтори рак ё саратон намоянд, барои касе ҷолиб ё ибратомӯз набуд. Ин ҳам, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тамоми анвои пластикҳоеро, ки дар таркибашон винил-хлорид ҳаст, ангезандаи саратон эълон кардааст. Ҳамзамон касе гуфта наметавонист, ки Чин солона ба Тоҷикистон чанд миллион тонна пластик ворид мекунад ва ин елим аз кадом анвост.

Гузашта аз ин, тамоми ҷаҳон ҳоло дар ин андеша аст, ки бо ғарами азими пластик чӣ кунад. Аз соли 1950 ба ин сӯ дар дунё 1 миллиард тонна пластик тавлид шудааст ва бахши умдаи он на танҳо садсолаҳо, балки ҳазорсолаҳо нест намешавад. Бархе аз навъҳои пластик зери нурҳои ултрабунафши офтоб чанд хел моддаи заҳрогин паҳн мекунанд. Аслан худи пластик аз маводи шабеҳи ахлот ва ҳам пасмондаҳои нафт сохта мешавад.

“Пластик” аз вожаи юнонии “пластикос”, яъне нарм ва дасткоришаванда баромадааст. Дар синфҳои ибтидоии мактаби миёна мо аз пластилин ҳайвончаву одамчаҳое месохтем. Мардуми мо ҳоло ба пластилин табдил ёфтаанд ва дастҳои қавию сахте тавонистаанд, аз онҳо чизеро, ки мехостанд, бисозанд. Албатта, касе ба сару манаҳу дасту пойи онҳо фишор оварда, онҳоро ба ин шакл надаровардааст. Балки рӯзгоре сохта шуд, ки онҳоро ба ин ҳолат афканд. Қарни пирӯзии пластик...

Бознашр аз блоги хусусии муаллиф -- "Нигариш ва кандуков"
XS
SM
MD
LG