Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарроҳии пластикӣ: Бинии зебо ҳам қурбонӣ мехоҳад


Солҳои охир анҷоми ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон ҳам мисли аксар дигар кишварҳои хориҷ мӯд ва роиҷ шудааст.

Онҳое, ки димоғи бузург, ё гӯшҳои чапар, хулоса ягон нуқсе дар сурату ҷисмашон доранд, дигар ҳар бори дар баробари оина нишастан, азоби рӯҳӣ намекашанд. Балки бо кӯмаки ҷарроҳии пластикӣ нуқсҳои модарзодиро аз байн мебаранд ва аз уқдаҳои фишоровар раҳоӣ меёбанд.

Оминаи 21-сола, ки пас аз ҷарроҳии пластикӣ як ҳафта боз бистарист, мегӯяд, ҳоло намедонад биниаш чӣ шакле дорад, вале мутмаин аст, ки он аз аввала дида зеботар хоҳад буд. Омина солҳо аз калон будани бинии худ азоб мекашид. "Биниям маъқул набуд. 3 моҳ пеш омадем бо духтурон сӯҳбат кардем, аввал падару модарам розӣ набуданд ва тадриҷан дили онҳоро ёфтам ва ҷарроҳӣ кардам. Аксҳои дигар нафароне, ки пеш аз мо ҷарроҳии бинӣ кардаанд, дидем ва ҳамааш хуб буд. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки биниамро ба қавле ислоҳ кунам",-мегӯяд ӯ. Ду ҳамутоқи дигари Омина ҳам, ки ҳарду ҷавон буданд, низ ҷарроҳии бинӣ кардаанд.

Беморитстоне, ки онҳо хобанд, маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии барқароркунӣ ном дорад ва соли 1998-ум таъсис ёфтааст. Миралӣ Одинаев, ҷарроҳи тармими пластикӣ, мегӯяд, агар дар солҳои аввал, барои ҷарроҳӣ ба онҳо 50-60 нафар муроҷиат мекарданд, ҳоло дар ин марказ солона то 800 ҷарроҳӣ анҷом мешавад, ки дар аксар маворид ин ҷарроҳиҳо бо ҳадафи зебо шудан сурат мегиранд.

Духтур Одинаев мегӯяд, имрӯз аксарият барои тағйир додани шакли бинии худ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ҳарчанд ба қавли ӯ ҷарроҳии бинӣ ҷарроҳии сабук нест: "Бештар барои ҷароҳиҳои эстетикӣ ҷавондухтарҳо ва занон муроҷиат мекунанд. Аксарият мехоҳанд шакли бинии худро дигар кунанд, сабаб ҳам гуногун аст. Баъзан дар пайи шикаста шудани бинӣ, он каҷ мешавад ва ба роҳи нафаскашӣ таъсир мерасонад ва бинобарин баъзеҳо мехоҳанд онро ҷарроҳӣ кунанд. Аммо қисмати дигар барои зеботар кардани бинӣ муроҷиат мекунанд. Мо фақат ба онҳое амалиёт мегузаронем, ки ниёз доранд. Бархе метавонанд нуқси худро бо кӯмаки косметологҳо ислоҳ кунанд ва мо онҳоро аз фикри ҷарроҳӣ бармегардонем."

Дар баробари ҷарроҳии димоғ, талабот барои ҷавону зебо кардани чеҳра ва аз ожанг холӣ кардани пӯсти рӯй ва ҳамчунин гирифтани пардаи ишкам ҳам зиёд будааст. Барои чунин ҷарроҳиҳо ба гуфтаи Миралӣ Одинаев ғолибан занони болотар аз синни 40 муроҷиат мекунанд. Аксаран занон соҳибмаълумоту коргар хоҳиши ҷавон кардани чеҳраи худро доштаанд. Аммо дар ин миён занони хонанишин ҳам кам нестанд. Мардон ҳам барои зебову ҷавон кардани чеҳра ҷарроҳӣ шудаанд, аммо ҳамагӣ 3 нафар ва ҳар се ҳам шаҳрвондони хориҷӣ.

Зоҳиран, на ҳама имкони молӣ доранд, ки аз ҷарроҳии пластикӣ истифода кунанд. Ҳарчанд харҷи он тибқи нархномаи давлатӣ аз 500 то ба беш аз 2 ҳазор сомонӣ мерасад. Вале муносибати атрофиён ба чунин ҷаррориҳо ҳамоно мухталиф боқӣ мемонад. Бархе аз тағйири ҳусни Худодод, бо усули амалиёти эстетикӣ пуштибонӣ намекунанд ва ба ин мавзӯъ аз нигоҳи динӣ баҳо дода, онро амали нодуруст медонанд. Фирӯза, як сокини Душанбе, мегӯяд, ӯ дар ягон ҳолат барои худ чунин иҷоза намедод, зеро мегӯяд ӯ барояш зебоии зоҳирӣ муҳим нест.

Аммо гурӯҳи дигар ба ин ақидаанд, ки зебоӣ қурбонӣ мехоҳад ва бо пеш овардани ин далел, ки Худованд зебоиро дӯст медорад, мегӯянд, дар ин маврид ҳеҷ мушкиле намебинанд. Бобоҷон Қаюмов, равоншиноси тоҷик роҷеъ ба омилҳои афзун шудани талабот ба ҷароҳии пластикӣ мегӯяд, бо гузашти замон меъёрҳои зебоишиносии мардум ҳам тағйир кардааст.

"Аз сӯйи дигар инсон вақте дар як ҳолати рифоҳ қарор мегирад ва тамоми ниёзҳои маъмулии ӯ бароварда мешавад, вай ба дунболи зебоишиносӣ ва меъёрҳои болотар меравад. Инсон мехоҳад чеҳраву шахсияти худро болотар бубарад.
Бобоҷони Қаюмзод
Бобоҷони Қаюмзод
Баъзеҳо боло бурдани шахсияту ҷуброни камбудиро дар ҳамин мебинанд. Бинобар ин, имрӯз мардум ба самти ҷарроҳиҳои пластикӣ гароиш пайдо мекунанд",-афзуд ӯ.

Вале бо ин ҳама Райҳона ҷавондухтари дигаре, ки тоза шакли биниашро ба воситаи ҷарроҳии пластикӣ тағйир додааст, ҳоло хеле хушҳол аст ва мегӯяд, ӯ акнун ба орзуи чандинсолаи худ расид. Дигар касе наметавонад дар чеҳраи ӯ нуқс ё айбе пайдо кунад: "Ба орзуям расидам. Аз падару модарам, ки ба ин ҷарроҳи розӣ набуданд, пинҳонӣ ба ин марказ омадам, аммо онҳо ҳам ҳоло огоҳанду шоданд, ки ҷарроҳиам хуб анҷом шуд..."

Навор аз бойгонии "Озодӣ" дар бораи ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон:


Сурати зебо қурбонӣ мехоҳад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
XS
SM
MD
LG