Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Кашфи 24 зани фаъол дар озмуни маҷаллаи "Бонувон"


"Бонувон" 24 зани фаъолро муаррифӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00
Линки мустақим

Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" бо натиҷагирӣ аз озмуни "Чеҳракушоӣ" 24 зани ҳунарманду фаъол ва дорои малакаи раҳбариро муаррифӣ кард.

Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" бо натиҷагирӣ аз озмуни "Чеҳракушоӣ" 24 зани ҳунарманду фаъол ва дорои малакаи раҳбариро муаррифӣ намуд. Тибқи шартҳои озмун рӯзноманигорони мард бояд занони боистеъдоду фаъоли бахшҳои мухталифи кишварро дарёфт ва чеҳракушоӣ мекарданд.

Абдулғаффори Камол, хабарнигори "Шабакаи аввал", барои муаррифӣ ва чеҳракушоии ду зани рӯзноманигори тоҷик -- Фирӯза Саидова ва Саодат Одинаева дар озмун шоҳҷоизаро аз худ намуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чаро ман дар ин озмун бо ҷиддияти том ширкат кардам. Мо озмунҳои зиёде доштем мисли "Чакомаи гесӯ", "Зебосанам", ки дар онҳо зан бештар чун олиҳаи ҳусн ё раққоса муаррифӣ мешавад, вале ин барои аввалин бор аст, ки зан ҳамчун як нерӯи зеҳнӣ муаррифӣ мешавад ва ба касбияту масъулияти зан баҳогузорӣ мешавад."

Абдулғаффори Камол
Абдулғаффори Камол
Ҷоиза барои ҷои аввал ба хабарингори рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" Умаралии Сафаралӣ тақдим гардид. Ин ҷоиза ба Умаралӣ барои кашфи як соҳибкорзан ва роҳбари 22-сола Шаҳнозаи Исроил супурда шуд. Шаҳноза, соҳибкорзани ҷавон, муассиси як корхонаи истеҳсоли коғази ташноб мегӯяд, ин аввалин қадамҳои ӯ дар соҳаи тиҷорату соҳибкорист ва дар оянда нақшаву барномаҳои зиёде дорад.

Чеҳраи 24 зане, ки мисли Шаҳноза аз миёни 70 нафар интихоб ва чун занони боистеъдоду ҳунарманд ва дорои малакаҳои раҳбарӣ муаррифӣ шуданд, чеҳраҳои наву ҷавон ва барои ҷомеа начандон ошно буданд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Саидамирзод, муовини сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", ҳамакнун номи ин 24 зан ба ҳукумат пешниҳод мешавад ва дар сурати пеш омадани зарурат онҳо ба мақомоҳои давлатӣ пазируфта хоҳанд шуд.

"Ҳадафи мо ин аст, ки чеҳраҳои арзанда ва соҳибистеъдодҳоро ба ҳукумат пешниҳод кунем ва умед дорем, ки ҳукумат дар оянда аз чунин кадрҳои бомаҳорату шоиста истифода хоҳад бурд",-афзуд Эмомалӣ Саидамирзод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ойниҳол Бобоназарова, таҳлилгари умури занон, мегӯяд, ба далели ин ки дар солҳои ахир нақши зан дар ҷомеаи тоҷик коҳиш ёфтааст, чунин чеҳраҷӯиву чеҳракушоиҳо зарур ва ба нафъи кишваранд. Вале ба қавли ӯ дар чунин озмунҳо бояд дар воқеъ ба касбияту маҳорати занон баҳогузорӣ шавад ва дар оянда ҳатман аз нерӯи онҳо дар ҳукумати кишвар ва мансабҳои раҳбарӣ истифода шавад.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Ӯ гуфт, "занҳои хуб, занҳои зебо зиёданд. Аммо ин ҷо бояд пеш аз ҳама ба касбияту муваффақиятҳои хонумҳо дар соҳаҳои, масалан, тиб, соҳибкорӣ, соҳаҳои ҳуқуқ ва эҷодиёт баҳогузорӣ кунем. Занҳои воқеан намунаву арзанда бояд ба воситаи чунин чорабиниҳо тарғиб ва ба ҷомеа ошно шаванд. Вале бояд ҳатман дар солҳои баъдӣ аз тақдири ин занон ба мардум иттилоъ дода шавад, ки то куҷо расиданд."

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ду моҳи пеш дар мулоқоташ бо занони кишвар аз нақши камранги онҳо дар ҳукумат ёдрас шуда, эътироф кард, ки аз 15 000 кадри раҳбарикунанда дар ҳукумати Тоҷикистон танҳо 5 000 нафарро занон ташкил медиҳанд ва бештари онҳо дар риштаҳои маориф ва тандурустӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин, бо ҳадафи боло бурдани мақому манзалати зани тоҷик дар арсаи сиёсат 8 соли қабл барномаи давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шуд. Аммо бо ин ҳама гуфта мешавад, занҳо дар ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз нақши калидӣ ё таъйинкунанда надоранд ва мақомҳои раҳбарӣ ҳам ба онҳо чандон бовар карда намешавад.
XS
SM
MD
LG