Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳоне, ки аз пластик даст мекашад


Ҳукумати Чин эълом кард, ки ба хотири кам кардани олудагиҳои зистмуҳитӣ аз ин пас иҷоза нахоҳад дод, то ки фурӯшгоҳҳо ба мизоҷонашон халта ва ё пакетҳои пластикӣ бидиҳанд. Пештар аз Чин чанд кишвари дигар истифода аз халтаҳои пластикиро, манъ карданд, ки молу маводи харидаи худ аз бозорро дар дохили онҳо ба хона меорем.

Дар замони рушду нумӯъи Шӯравии собиқ таври маълум мардум ҳангоми харид аз бозор ё мағоза ҳамроҳ халтаҳои тӯрӣ мегирифтанд, аммо фурушгоҳҳо дар кишварҳои ғарбӣ ба мизоҷони худ бепул пакетҳои пластикӣ медоданд. Зоҳиран одатҳо тағйир меёбанд, зеро харидорони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Ҷопон, Ҳонк Конг акнун барои ҳифзи муҳити зист, аз гирифтани халтаҳои пластикӣ даст мекашанд.

Ҳифзи муҳити зист дар Чин акнун ба як масъалаи доғ табдил меёбад. Тобистони гузашта харидорон дар Ҳонк Конг баъди рафтори соҳиби як фурушгоҳ қариб, ки шӯриш бардоштанд, зеро вай мехост, як халтаи пластикиро бифурушад, ки дар он чунин навиштаҷот буд, “ман халтаи пластикӣ нестам.”

Моҳҳо пештар аз ин дар шаҳрҳои Лондон ва Нйю Йорк халтаҳои пластикӣ ба қавле ба экспонат табдил ёфтанд.

Мақомоти Ҷумҳурии мардумии Чин дастури манъи истифода аз пакетҳои пластикиро чунин шарҳ доданд, ки партобу коркарди онҳо бисёр мушкилу заҳматталаб аст. Ва аз ин хотир аз якуми июни имсол, дар Чин дар мағозаҳо ба муштариён, халтаҳои пластикӣ дода намешавад.

Дигар кишварҳое, ки истифодаи халтаҳои пластикиро манъ кардаанд ва ё мардумро ташвиқ мекунанд, ки аз онҳо даст кашанд, Австралия, Бангладеш, Ирландия, Итолиё, Африқои Ҷанубӣ, ва Тайван мебошанд. Дар Ирландия агар халтаи пластикӣ хоҳед, бояд 15 евросент андоз супоред. Ва бо ин гуна сиёсат Ирландия истифодаи халтаҳои пластикиро 90 фисад кам кардааст.

Тавлидкунандагони халтаву зарфҳои пластикӣ мегӯянд, ки маҳсулоти онҳоро ноодилона бадном кардаанд. Онҳо мегӯянд, дар муқоиса бо халтаҳои коғазӣ, халтаҳои пластикӣ бисёр бориканд ва дар партобҳо ҷойи зиёдеро намегиранд. Дигар ин ки дар тавлиди халтаҳои пластикӣ назар ба тавлиди халтаҳои коғазӣ нерӯи барқи камтар сарф мешавад.

Аммо фаъолони муҳити зист мегӯянд, маҳсулоти пластикӣ дер нобуд мешаванд ва барои тавлиди онҳо маҳсулоти нафтӣ, олудакунандаҳои аслии ҳаво лозим аст. Аммо агар аз ин баҳсҳо бигзарем, мақомоти Чин шаҳрвандони кишварро ташвиқ мекунанд, ки ба гирифтани халтаҳои матоъӣ ва сабад баргарданд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG