Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партобҳое, ки партофта намешаванд


Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар панҷаи сармои шадид ва буҳрони амиқи энержӣ қарор дорад, шояд нафаре суол кунад, ки ҳоло вақти суҳбат роҷеъ ба илму фанноварӣ нест, аммо....

... аммо маҳз донишмандони Оҷонси ҳавошиносӣ мақомоту мардумро огаҳ карданд, ки ба ҳаво дар Тоҷикистон то 22 дараҷа сард мешавад ва бояд омодагиҳои лозимро дид. Аммо тавре шоҳид шудем, табиат бо нерӯи худ мақомотро оҷиз кард.

Дар маҷаллаи имрӯз:

Коркарди дубораи партобҳо як соҳаи даромаднок дар кишварҳои ғарбӣ ба ҳисоб меравад ва масалан дар Чини ҳамсояи Тоҷикистон аз зарфҳои пластикӣ даҳҳо маҳсулоте тавлид мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ бовар намекунед, ки он аз партоб таҳия шудааст ва зарфҳои пластикии тавлиди Чин низ ки шояд дар хонаҳоятон доред, дар гузашта зарфи пластикӣ буданд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ. Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон барномаҳои зиёде барои сохтани корхонаҳои махсуси коркарди партобҳо доранд, аммо то кунун ин барномаҳо бинобар надоштани сармоя иҷро нашудаанд. Роҷеъ ба ин масъала бо Темур Идрисов раҳбари созмони зистмуҳитии «Ба хотири Замин» ва Ҷумъа Холмаҳмадов, муҳандиси корхонаи «Текстилмаш»-и шаҳри Душанбе суҳбат омода кардаем, ки метавонед дар барнома бишнавед.

-------------------------------------------------------------------------------------------


Ҳукумати Чин эълом кард, ки ба хотири кам кардани олудагиҳои зистмуҳитӣ аз ин пас иҷоза нахоҳад дод, то ки фурӯшгоҳҳо ба мизоҷонашон халта ва ё пакетҳои пластикӣ бидиҳанд. Моҳҳо пештар аз ин дар шаҳрҳои Лондон ва Нйю Йорк халтаҳои пластикӣ ба қавле ба экспонат табдил ёфтанд. Дастури манъи истифода аз пакетҳои пластикиро чунин шарҳ дода мешавад, ки партобу коркарди онҳо бисёр мушкилу заҳматталаб аст. Ва аз ин хотир дар мағозаҳо ба муштариён, халтаҳои пластикӣ дода намешавад. Гузорише дар ин бора дорем, ки онро метавонед дар барнома бишнавед ва ё бихонед.

------------------------------------------------------------------------------------------

Симкортҳои телефонҳои ҳамроҳ метавонанд дар ҳарорати 450 дараҷа ва ҳатто бештар аз он хосияти худро гум накунанд, ки ин кашфиёт метавонад, дар таҳқиқи амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноёт кумак кунад. Дар як пажӯҳиши ғайримуқаррарӣ муҳандисон Бенҷамин Ҷонс ва Тонӣ Кенйон аз Донишгоҳи Лондон хосияти тобоварии симкортҳоро таҳқиқ кардаанд. Онҳо 12 симкорти телефонии кӯҳнаву навро аз сокинони Бритониё, Ирландия ва Шветсия гирифта ба қавле дар обу оташ андохтаанд. Натоиҷи ин пажӯҳишро метавонед бихонед ва ё дар барнома бишнавед.

--------------------------------------------------------------------------------------------

Вобаста

XS
SM
MD
LG