Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯдакии мо кадом аст?


Бархе ба ин боваранд, ки симои Рӯдакӣ дар муҷассамаҳояш ба якдигар монанд нестанд.

Фирдавси Низом, донишҷӯи ДМТ

Пайкараву нимпайкараҳои асосгузори адабиёти форсу тоҷик, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки дар Тоҷикистону берун аз он сохта шудаанд, аз нигоҳи антропологӣ ба якдигар камтар монанданд.

Бино ба қавли мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар кишвар беш аз даҳ муҷассамаву нимпайкараи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба пайкараву нимтанаҳои шоирони дигари классик хеле зиёд аст. Мудири шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии ин вазорат, Музаффар Азизов, мегӯяд, як сабаби гуногуншаклӣ ва пастсифатии ҳайкалҳо худсарона аз тарафи ҳайкалтарошони ғайрикасбӣ сохта шудани муҷассамаҳост. Ӯ дар ин маврид афзуд, "як ҳайкале, ки соли 1964-ум сохта шудааст, онро агар дигарон гирифта айнан истифода кунанд, як чиз аст, ҳуқуқи муаллифӣ. Барои ҳамин, дигар ҳайкалсозон кӯшиш мекунанд, ки нусхаи ҳамон набошад. Барои он ки дуздӣ ҳисоб мешавад."

Аммо нависанда Ӯрун Куҳзод, ки ин масъаларо дар Фарҳангистони илмҳо ба миён гузошта буд, мегӯяд, "ин ҳайкалҳо комилан ба якдигар монанд нестанд. Лекин, агар мо як ҳайкалро ҳамчун як намуна гирифтему қабул кардем, ба китобҳои дарсимон даровардем, ҳамон ҷавонияш ҳам ба ҳайкали пирияш як шабоҳате бояд дошта бошад. Ҳайкалтарошоне, ки асарҳои классиконро ба забони худ хонанд, ба маънояш сарфаҳм раванд ва аз рӯи он як тассаввурот ҳосил карда, як ҳайкал тарошанд, надорем."

Ҳайкале, ки 22-юми августи соли 2008-ум ба муносибати 1150-солагии Рӯдакӣ дар Боғи устод Рӯдакӣ дар Душанбе сохта шудааст, дар он симои ҷавонии шоир таҷассум ёфтааст. Меъмории онро Александр Рукоичников, ҳайкалтароши рус, ба дӯш дошт. Он аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ қабул шудааст, ки дар ҳайати он адибону мунаққидон низ шомил буданд. Тавре маълум гардид, сохти пайкара на аз ҷониби ҳама хуш қабул гардид. Дар суҳбат бо мо мунаққид Мирзо Муллоаҳмадов гуфт: "Дар марҳилаи охирин, баъд аз он ки муҷассама омода шуда буд, маро даъват карданд ва ман он ҷо назари худро гуфта будам. Ба назари ман, муҷассама мисли муҷассамае, ки дар майдони Донишгоҳи кишоварзӣ аст, он қадар ҷолиб нест. Дар ин муҷассама ҳарчанд симои ҷавонии шоир аст, вале симои шоиронаи Рӯдакӣ хуб таҷассум наёфтааст."

Ин дар ҳолест, ки Сироҷиддин Зуҳуриддинов, сармеъмори лоиҳаи Боғи устод Рӯдакӣ дар Душанбе, чунин иддаоҳоро рад карда мегӯяд, "он вақт аз ҷониби комиссияи қабул ягон норозигӣ набуд."

Нахустин муҷассамаи устод Рӯдакӣ дар Душанбе соли 1964-ум аз тарафи муҷассамасози озарбойҷонӣ Фауд Абдураҳмонов бунёд ёфтааст. Аз нигоҳи анторопологӣ академики симошинос, Герасимов, соли 1957-ум дар натиҷаи пажуҳишҳо тарҳи рӯи Рӯдакиро маълум сохта буд, ки ҳайкали зерин дар такя ба он офарида шудааст.
XS
SM
MD
LG