Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ гуфт, "тағйирот дар Сурия муҳим аст..."


Фиристодаи нави Созмони Милал ва Лигаи каишварҳои Араб дар Сурия
Фиристодаи нави Созмони Милал ва Лигаи каишварҳои Араб дар Сурия

Лахзар Иброҳимӣ, фиристодаи нави байналмилалӣ барои Сурия, гуфт, барои мардуми ин кишвар тағйирот “муҳим” мебошад.

Иброҳимӣ ин суханонро рӯзи шанбе, 1-уми сентябр, дар Ню-Йорк дар нахустин рӯзи оғози фаъолияташ дар ин мақом изҳор дошт. Вай ба ҷои Кофӣ Аннон акнун фиристодаи Созмони Милал ва Ҷомеаи Араб барои Сурия мебошад. Иброҳимӣ зимни суханони худ ба хабарнигори Ал-Арабия гуфт, вазифаи ҳукумат аст, ки ба хушунатҳо хотима диҳад, на вазифаи шӯришиён.

Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷии Русия рӯзи шанбе, 1-уми сентябр, гуфт, интизори қудратҳои ғарбӣ ва давлатҳои арабӣ дар бораи ин ки Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, нерӯҳои худро аз шаҳрҳо хориҷ карда ва баъд мунтазири амали мушобеҳ аз сӯи мухолифон шавад, тарҳе "соддалавҳона" аст. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Сергей Лавров -- вазири умури хориҷии Русия дар ин бора афзуд, "чунин дархосте барои таслим шудани Башор Асад аст ва кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ҳаққи ибрози чунин дархостеро надоранд."

Ӯ дар идома гуфт, “вақте шарикони мо мегӯянд, аввал давлат бояд набардро канор бигузорад ва ҳама сарбозону силоҳҳояшро аз шаҳрҳо берун бибарад ва баъд аз мухолифон бихоҳад, ки онҳо ҳам ҳамин корро бикунанд, ин тарҳ комилан анҷомнашуданист.” Вазири умури хориҷии Русия илова кард, ё ин афрод соддалавҳанд ва ё барои таҳрик ин ҳарфҳоро мезананд.

Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ як мақоми баландпояи Cурия аз омодагӣ барои гуфтугӯ бо мухолифон дар бораи канор рафтани Башор Асад аз қудрат хабар дода буд. Қадрӣ Ҷамил, муовини нахуствазири Сурия, дар посух ба суоле дар бораи канорагирии Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар, аз қудрат таъкид дошта буд, ки "дар ҷараёни гуфтугӯ метавон ҳама чизро ба баҳс гузошт. Ҳар пешниҳоде, ки яке аз тарафҳои гуфтугӯ онро матраҳ мекунад. Ҳатто ин мавзӯъро ҳам метавон ба баҳс гузошт."

“Аммо қарор додани масъалаи канорагирии Асад аз қудрат ба унвони пешшарте барои гуфтугӯҳо ба маънии бастани роҳ дар муқобили гуфтугӯ пеш аз оғози он аст”,-афзуда буд ӯ.

Ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия 17 моҳ боз идома дошта, ба ҳисоби мухолифон, дар ин муддат дар ин кишвар алакай беш аз 20 000 нафар ҷон бохтаанд. Як ҳайати муфаттишони Созмони Милал ахиран эълон кард, ки ҳарду тарафи низои Сурия даст ба ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият задаанд, вале аъмоли чирикиҳо бо ончӣ ки нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи шибҳанизомии Шабиҳа, ки низ аз режими Асад дифоъ мекунад, қобили қиёс нест.
XS
SM
MD
LG