Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҳамкории Исломӣ узвияти Сурияро мутаваққиф кард


Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли Созмони Ҳамкори Исломӣ.
Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли Созмони Ҳамкори Исломӣ.

Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи панҷшанбе узвияти Сурия дар ин созмонро мутаваққиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли СҲИ дар мавриди мутаваққиф кардани узвияти Сурия ба хабарнигорон гуфт: «Паёми ҷаҳони ислом ба режими Сурия аст ва ҷаҳон беш аз ин наметавонад режимеро, ки мардумашро бо тонк ва ҳавопаймо қатли ом мекунад, бипазирад.»

Вай афзуд, ин ҳамчунон паёме ба ҷомеаи байналмилалӣ аст, ки «дунёи ислом хостори поёни хунрезӣ ва ҳаллу фасли сулҳомези бӯҳрони Сурия аст.»

Таълиқи узвияти Сурият дар Созмони Ҳамкории ИсломӢ пас аз баргузории нишасти изтирории ин созмон дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе сурат гирифт ва Димишқ ба он даъват нашуда буд. Иттиҳодияи Араб низ соли гузашта узвияти Сурияро ба далели саркӯбии мардуми ин кишвар ба таълиқ даровард.

Ба дунболи таълиқи узвияти Сурия дар СҲИ, Амрико аз ин тасмими созмон истиқбол кард ва онро паёми сахте ба режими Башор Асад хонд.

Нишасти изтирории СҲИ рӯзҳои 14 ва 15-уми август дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Илова ба баҳси қазияи Фаластин ва фоҷиаи мусалмонони Бирма, баррасии роҳҳои поён додан ба хушунатҳои ҳукумати Сурия алайҳи эътирозгарон аз аҳдофи аслии ин нишаст буд. Созмони ҳамкориҳои исломӣ дорои 57 узв аст ва дар соли 1969 бунёд гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG