Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба маъмурияти нозирон дар Сурия поён медиҳад


Шӯрои Амнияти СММ рӯзи панҷшанбе ба анҷоми маъмурияти ҳайъати нозирони ин созмон дар Сурия амр дод.

Вале ин ниҳод аз даъватҳо барои ҳифзи дафтари мулкии Милали Муттаҳид дар Димишқ, ҳимоят кард.

Жерар Аро – сафири Фаронса дар СММ, ки раёсати давраии Шӯрои Амниятро бар ӯҳда дорад, гуфт, ин иқдом дар пайи баррасии низоъи Сурия дар нишасти ин ниҳод тасвиб шуд: «Маъмурияти нозирон рӯзи 19 август ба поён мерасад ва агар тамдид нашавад, пас ба анҷом хоҳад расид. Аз байн бурдани ин маъмурият то чанд рӯзи дигар оғоз хоҳад ёфт.»

Жерар Аро гуфт, барои тамдиди маъмурияти ҳайъати нозирон, ки нимашаби якшанбе ба поён хоҳад расид, шароити муносиб муҳайё нашудааст. Ӯ афзуд, то кунун дар амри хатми хушунатҳои афзоянда ва ба қатъи истифодаи силоҳҳои сангин алайҳи мардуми мулкӣ мутақоид сохтани режими Башор Асад пешрафти ночизе ба даст омадааст.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ ба хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфт, ки аз хатми маъмурияти нозирон дар Сурия хеле мутаассиф шудааст: «Мо хеле афсӯс мехӯрем, ки ин маъмурият ба поён мерасад. Ба бовари мо, он аъзои
Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ
Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ
Шӯрои Амният, ки ба имкон надоштани идомаи маъмурияти нозирон пой мефишурданд, пойбандии худ ба хатми хусуматҳо ва ба идомаи ҳамкорӣ барои роҳи сиёсии ҳалли қазияи Сурияро дар амал нашон надоданд.»

Бо онки ҳайъати нозирони ғайримусаллаҳи СММ то чанд рӯзи дигар Димишқро тарк хоҳад гуфт, дафтари мулкии тамоси ин созмон ба хотири назорати авзоъ дар Сурия боқӣ хоҳад монд.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон низ дар шароити мавҷуда тарафдори тамдиди маъмурияти нозирон набуд: «Мо пайваста мегуфтем, ки мо аз тамдиди маъмурияти UNSMIS ҳимоят намекунем, чунки фикр намекунем, онҳо аз ӯҳдаи иҷрои коре, ки барои он фиристода шудаанд, бароянд. Вазифаи онҳо назорат бар оташбас буд, ки мо ин оташбасро дар онҷо надорем. Онҳо бояд озодона дар саросари кишвар сафар мекарданд, ки тавони анҷоми инро ҳам надоранд. Мо аз ҳузури ками назоратии СММ дар Сурия пуштибонӣ мекунем.»

Ҳайъати нозирони СММ 21-уми апрел бо қарори Шӯрои Амният барои 90 рӯз ба хотири назорат бар ҷараёни иҷрои тарҳи сулҳи Куфӣ Аннон таъсис ёфта, замони ҳузураш дар моҳи июл барои 30 рӯзи дигар тамдид карда шуд. Аммо дар авоили моҳ Аннон аз мақоми фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия маҳз ба далели иҷро нашудани шарти асосии тарҳи мазкур, ки оташбас буд, истеъфо дод.

Сурияи ноором
Сурияи ноором
Бо ин ҳол, дирӯз матбуоти давлатии Сурия қарори Созмони ҳамкории исломӣ ҷиҳати тавқифи узвияти Димишқ дар ин иттиҳодияи 57 кишвари мусалмонии ҷаҳонро ба боди тунди интиқод кашид ва гуфт, ин созмон аз «истеъморгароии Ғарб» ва аз «террористҳо» пуштибонӣ мекунад. Созмони ҳамкории исломӣ, ки қаблан Конфаронси давлатҳои исломӣ ном дошт, дар поёни нишасташ дар Макка бо изҳори «нигаронии амиқ аз куштору аъмоли ғайриинсонӣ, ки мардуми Сурия заҷрашро мекашад» узвияти Сурияро мутаваққиф кард.

Ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия 17 моҳ боз идома дошта, ба ҳисоби мухолифин, дар ин муддат дар ин кишвар алакай беш аз 20 000 нафар ҷон бохтаанд. Як ҳайъати муфаттишони СММ ахиран эълон кард, ки ҳарду тарафи низоъи Сурия даст ба ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият задаанд, вале аъмоли чирикиҳо бо ончӣ ки нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи шибҳанизомии Шабиҳа, ки низ аз режими Асад дифоъ мекунад, қобили қиёс нест.
XS
SM
MD
LG