Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарроҳии қалб дар Хуҷанд. На ҳама маблағи табобатро доранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Табибони Маркази ҷарроҳии қалб дар Хуҷанд тӯли беш аз як соли фаъолият худ 94 амалиёти ҷарроҳии дил анҷом додаанд.

То боз шудани ин маркази дорои таҷҳизоти замонавӣ, он бемороне, ки имкони молӣ доштанд, барои ҷарроҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ мерафтанд ва беморони камбизоат дар ватан ба умеди табобат мунтазир буданд. Акнун шароити табобат дар ватан фароҳам шудааст, вале харҷи ин амалиёти ҷарроҳӣ ҳанӯз барои қисми зиёди беморон гаронӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии Суғд, ҳудуди 1 ҳазор бемори дигар, асосан атфоли гирифтори бемории модарзодӣ ба умеди чунин рӯз ба сар мебаранд. Арзиши як амалиёти ҷарроҳии дил дар ин марказ 5 ҳазор доллари амрикоӣ аст ва бо вуҷуди он, ки назар ба нархи чунин ҷарроҳиҳои мураккаби дил дар бемористонҳои кишварҳои хориҷӣ ду маротиба поин аст, аммо на ҳар хонаводаи тоҷик тавони пардохти чунин маблағро дорад.

Ба гуфтаи Ҳотам Маҳмудов, сардухтури маркази мазкур, табибони тоҷик дар Хуҷанд ҷарроҳиҳои мураккабе, мисли «тетрада фаллов»-ро анҷом додаанд, ки тӯли беш аз 20 соли фаъолияти бемористони вилоятии дил анҷом надода буданд: “Даҳҳо чунин ҷарроҳиҳоро бо гардиши сунъии хуни дил табибони маркази мо, ки дар беморхонаҳои Русия таҷриба андӯхта, дар бораи чунин ҷарроҳиҳои дил рисолаҳои номзадиву докторӣ таълиф кардаанд, бобарор аҷом доданд.”

Ҷаноби Маҳмудов афзуд, ҷарроҳиҳои мураккаби қалб дар маркази нав таҳти раҳбарии табиби собиқадори Маркази ҷарроҳии дил профессор Обид Деҳқонов, ки аз Русия ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳҳии қалб ба фаъолият пардохтааст, анҷом мегирад. Худи Маҳмудов низ хатмкардаи ординатура ва аспирантураи тиббии Русия аст.

Маркази ҷарроҳии қалб дар заминаи бемористони вилоятии бемориҳои дил дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар наздикии пули нави рӯди Сир аз як сол пеш ифтитоҳ шуда буд.

Яке аз нахустин беморони қалб, ки дар Хуҷанд бобарор ҷарроҳӣ шудааст, Шӯҳрат Рамазонови 14-сола аст, ки аз бемории модарзоии қалб ранҷ мекашид. Ба гуфтаи модараш - Илона, писарашро танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ наҷот додан мумкин буд, аммо ин гуна амалиётро дар Хуҷанд анҷом намедоданд: “Ман хушбахтам, ки табибони мо писарамро аз марг наҷот доданд. Мо имконияти молии дар хориҷа ҷарроҳӣ кардани фарзандамонро надоштем. Ман аз бисёр созмонҳои хориҷӣ ёрӣ хостем ва ваъдаи ёрии молӣ барои ҷарроҳӣ дар Амрико, Русия ва Кореяи ҷанубӣ мекарданд, аммо ин кор ҳеҷ даст намедод. Шукри худо, ки ниҳоят ин ҷарроҳиро табибони худамон ба иҷро расонданд.»

Аммо Маркази ҷарроҳии қалб, ба гуфтаи табибони он, имкони молии ҷарроҳии бепули ҳама беморонро надорад. Як сокини ноҳияи Исфара мегӯяд, хоҳарзодаи 12-солааш бемории модарзодии дил дорад, ки табобати онро табибон танҳо дар ҷарроҳӣ мебинанд, вале хонаводаи вай барои ҷарроҳӣ дар Хуҷанд 5 ҳазор доллар маблағ надорад.

Далел Тошматов, раҳбари Раёсати тандурустии Суғд мегӯяд, мисли духтараки ин исфарагӣ ҳудуди 1 ҳазор бемори дил, ки аксари онҳо кӯдак ва аз хонаводаҳои нодор ва бархе ҳам аз ноҳияи Исфара ҳастанд, ниёз ба ҷарроҳии қалб доранд. Аммо ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир бахши тандурустӣ барои бепул анҷом додани ин гуна ҷарроҳиҳо маблағ надорад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Раёсати тандурустии Суғд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 15 ҳазор сокини Суғд гирифтори бемориҳои мухталифи қалб, умдатан бемориҳои модарзодии дил буда, табобати бархе аз онҳо фақат бо роҳи ҷарроҳӣ аст.

Ҳотам Маҳмудов, сардухтури Маркази ҷарроҳии қалб дар Хуҷанд гуфт, танҳо дар соли 2010 ҳудуди 250 нафар, бино ба набуди имкони ҷарроҳӣ дар ватан, дар хориҷ аз Тоҷикистон қалбҳои худро ҷарроҳӣ намудаанд. Ҳамчунин, ҳамасола беморхонаи вилоятии дил низ ҳудуди 150 нафар ҷарроҳиҳои нисбатан сабуки дил ва соли охир маркази нави ҷарроҳии қалб низ 94 нафарро ҷарроҳӣ карданд.

Табибони Маркази навтаъсиси ҷарроҳии амрози дил дар Хуҷанд мегӯянд, онҳо ба дастгоҳи рентген ва ташхиси рагҳои хунгарди дил, ба истилоҳ “дастгоҳи ангеографӣ” ниёз доранд. Дар сурати дастрас шудани чунин дастгоҳи муосир, ки беш аз 1 миллион доллар арзиш дорад, имкони ҷарроҳии аксари кулли мубталоёни бемориҳои қалб дар ватан фароҳам меояд
XS
SM
MD
LG