Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранҷи 4 ҳазор тифли тоҷик аз нуқсони модарзодии қалб


Аминҷони 7-сола натавонист имрӯз, яъне Рӯзи ҷаҳонии кӯдакро ба гунаи аксари ҳамсолонаш бо бозиву шодӣ ва гаштугузор дар хиёбонҳо бигузаронад.

Чун ҳамагӣ ду рӯз пеш ҷарроҳии мураккаби нуқсони модарзодии дилро пушти сар кардаву пизишкон ҳанӯз ба ӯ иҷозаи ҳаркати зиёд намедиҳанд.

Аминҷонро мо дар пешайвони бемористон пайдо кардем, ки бо чашмони маҳзун аз боло рафтуомади мардумро назора мекард. Аз дидаҳои пурашкаш аён буд, ки аз бистарӣ будан хаста шудаву мехоҳад ба зудӣ ба хона баргардад.

Маҳфуза Қодирова, модари Аминҷон мегӯяд, тӯли ин 7 сол дар сар танҳо андешаи шифо ёфтани ягона писарашро дошт. Вай гуфт, ҳатто ҳозир буд ба хотири ҷарроҳии Аминҷон, ки ҳудудан 5 ҳазор долларро тақоз мекард, аз бонк қарз бигирад: «Аз рӯзи аввали таваллуд пизишкон фаҳмиданд, ки писарам нуқсони модарзодии қалб дорад. Мо ӯро зиёд муолиҷа кардем ва ҳоло ҷарроҳӣ шуд. Феълан сиҳатияш хуб аст. Барои модар донистани он, ки фарзандаш ин гуна маризӣ дорад, хеле сахт аст.»

Аминҷони 7-сола
Аминҷони 7-сола
Ба фарқ аз Аминҷон, Муҳаммади 10-сола хушбахтияшро пинҳон намедорад. Зеро вай мегӯяд, пизишкон барояш умри дубора бахшиданд. Мураккабии амалиёти ҷарроҳии Муҳаммад дар он буд, ки дили вай дар тарафи рост қарор гирифта, чаҳор нуқсони модарзодӣ дошт.

Муҳаммад мегӯяд: «Ман хеле мехостам бо дӯстонам бозӣ кунам, вале наметвонистам ва ин маро рӯҳафтода мекарад. Падару модарам маро ҳамеша дилбардорӣ мекарданд, ки ҳатман шифо меёбам. Ман орзу дорам, ки ба зудӣ калон шавам ва ҳамин гуна, ки падарам маро нигоҳубинӣ кард, ман ҳам ӯро нигаҳбон бошам.»

Қутбиддин Зокиров, падари Муҳаммад аз бомуваффақият анҷомидани ҷарроҳии фарзандаш бениҳоят хурсанд аст. Зеро дар Тоҷикистон анҷом додани чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳии дил таҷрибаи нахустин буд: «Ман ин писари худро чун дардманд буд, хеле дӯст медоштам ва намедонистам, ки чӣ кор кунам. Ба шифо ёфтанаш боварӣ надоштам ва то охирин лаҳза барои гузаронидани ин ҷарроҳӣ дудила будам. Хулоса чунин ҳолатро танҳо волидайн худашон медонанду Худо»

То чанд соли пеш дар Тоҷикистон имконияти гузаронидани амалиёти мураккаби нуқсони модарзодии қалб мавҷуд набуд ва дар хориҷи кишвар чунин ҷарроҳӣ бар иавзи аз 7 то 10 ҳазор доллар анҷом мешуд. Аммо ҳоло дар ду маркази махсуси кишвар амалиёти мураккаби ҷарроҳии қалб бо маблағи аз 1 то 5 ҳазор доллар сурат мегирад.

Вале Абдусодиқ Абдуҷабборов, мудири шӯъбаи ҷарроҳии дили Маркази ҷумҳуриявии дилу рагҳо мегӯяд, бо ин вуҷуд ҳам 90 дарсади оилаҳое, ки фарзандашон дорои нуқси модарзодии қалбанд, аз пардохти маблағи ҷарроҳӣ дасткӯтоҳанд: «Соли гузашта беш аз 500 кӯдак бо чунин беморӣ ба мо муроҷиат карданд ва қариб ба 80 дарсади онҳо гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ҳатмӣ буд. Аммо аз ин шумора танҳо 50 ва 60 нафари ин кӯдакон шароити гузаронидани ҷарроҳиро доштанд. Ва агар ҳамагӣ чунин имкониятро дошта бошанд, мо ҳамарӯза мумкин аст 10 нафарро ҷарроҳӣ намоем.»

Бино ба маълумоти Вазорати беҳдоштии Тоҷикистон, феълан дар кишвар 7 ҳазор нафар аз нуқсони модарзодии қалб ранҷ мебаранд, ки ҳудуди 4 ҳазор нафарашон кӯдаконанд. Аз шумораи умумии кӯдаконе, ки то 1 солагӣ мефавтанд, 10 дарсадашон ҳамин бемориро доранд. Соли гузашта дар кишвар 80 кӯдаки дорои нуқси модарзодии қалб ҷарроҳӣ шудаанд.

Абдусодиқ Абдуҷабборов
Абдусодиқ Абдуҷабборов
Абдусодиқ Абдуҷабборов гуфт, мутаассифона мизони фавти кӯдакони дорои ин маризӣ баланд боқӣ мемонад. Ба гуфтаи вай, 70 дарсади чунин кӯдакон дар моҳи аввали зиндагияшон мефавтанд ва 30 дарсади дигар барои доим маълул мешаванд: «Аз рӯи таҳлилҳо ба 1000 кӯдаки зиндатаваллуд, 8 кӯдаки бо нуқсони модарзодии дил рост меояд. Агар 75 дарсадашон то як моҳагӣ фавтанд, аз 25 дарсади боқимонда сеякаш то як солагӣ фавт мекунанд, ки ин нишондоди хеле бад аст. Чун мардуми мо серфарзанд аст, ба ин мушкилот чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд, вале агар ин нишондодҳо дар кишварҳои дигар мешуд, мутахассисон кайҳо бонги изтироб мезанад. Чун ин фоҷиаи калон аст.»

Абдусодиқ Абдуҷабборов гуфт, то имрӯз онҳо аксаран кӯдакони вазнашон аз 6 ва ё 7 килограмро бештарро ҷарроҳӣ мекунанд. Ва вай умедвор аст, ки дар зудтарин фурсат дар Тоҷикистон имкони ҷарроҳӣ намудани атфоли бештар аз 3 килограмро низ пайдо мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон аввали соли ҷорӣ 8 ҷарроҳи қалбро барои ширкат дар давраҳои бозомӯзӣ ба Чин фиристод.

Ба ин тартиб, таҳлилгарон талоши пизишкони тоҷик барои анҷоми амалиёти ҷарроҳии қалб, ба хусус кӯдакони гирифтори ин бемориро муассир арзёбӣ мекунанд ва мегӯяд, чунин амалкард то андозае метавонад ба дили дардманди даҳҳо тан кӯдакон ва ҳамчунин волидайни онҳо «марҳаме» шавад.
XS
SM
MD
LG