Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ҳамоно пешсафи Олимпиадаи Лондон-2012


Мансур Исоев
Мансур Исоев

Дар Лондон рӯзи севуми мусобиқот барои медалҳои Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ поён ёфт.

Варзишгарон дар рӯзи севум барои 12 маҷмӯи ҷоизаҳо талош карданд. Аз рӯи натиҷагирии се рӯзи мусобиқот варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин бо касби 17 медал - 9 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ дар мақоми аввал аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 17 медал – 5 тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Фаронса бо касби 7 медал - 3 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 18 кишвар дар се рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд. Чин 9 медали тилло, ИМА 5 медали тилло, Фаронса, ва Кореяи Шимолӣ ҳар кадом 3 медали тилло, Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Қазоқистон ҳар кадом 2 медали тилло, Ҷопон, Австралия, Руминия, Бразилия, Маҷористон, Нидерланд, Украина, Гурҷистон, Литва ва Африқои Ҷанубӣ ҳар кадом як медали тилло ба даст оварданд.

Натоиҷи мусобиқоти умумидастаӣ баъди се рӯзи мусобиқот:

1. Чин 9+5+3
2. ИМА 5+7+5
3. Фаронса 3+1+3
4. Кореяи Шимолӣ 3+0+1
5. Италия 2+4+2
6. Кореяи Ҷанубӣ 2+2+2
7. Русия 2+0+3
8. Қазоқистон 2+0+0
9. Ҷопон 1+4+6
10. Австралия 1+2+1
11. Руминия 1+2+0
12-13. Бразилия 1+1+1
12-13. Маҷористон 1+1+1
14. Нидерланд 1+1+0
15. Украина 1+0+2
16-18. Гурҷистон 1+0+0
16-18. Литва 1+0+0
16-18. Африқои Ҷанубӣ 1+0+0
19. Колумбия 0+2+0
20. Бритониёи Кабир 0+1+2
21-26. Куба 0+1+0
21-26. Олмон 0+1+0
21-26. Максика 0+1+0
21-26. Лаҳистон 0+1+0
21-26. Тайланд 0+1+0
21-26. Тайван 0+1+0
27-37. Озарбойҷон 0+0+1
27-37. Белгия 0+0+1
27-37. Канада 0+0+1
27-37. Индонезия 0+0+1
27-37. Ҳиндустон 0+0+1
27-37. Молдавия 0+0+1
27-37. Муғулистон 0+0+1
27-37. Норвегия 0+0+1
27-37. Сербия 0+0+1
27-37. Словакия 0+0+1
27-37. Узбакистон 0+0+1.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар се рӯзи мусобиқот чаҳор варзишгари тоҷик - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов, дзюдочӣ Расул Боқиев ноком шуданд.

Сергей Бабиков дар сабқати интихобии тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз мақоми 44-умро касб кард. Дар ин навъи рақобатҳо Чин Чжон О (Кореяи Ҷанубӣ) бо 688,2 имтиёз бо медали тилло сарфароз гашт. Лука Тескони (Италия) бо 685,8 имтиёз бо медали нуқра мукофотонида шуд. Андриа Златич (Хорватия) бо 685,2 имтиёз соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Собирҷон Назаров дар сабқати бокс дар даври 1/16 ниҳоӣ дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Дирӯз, 30-юми июл, Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, дар вазни то 73 кило дар риштаи дзюдо нахуст дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Даниэл Виллямс (Бритониёи Кабир) рақобат кард. Паҳлавони тоҷик дар муддати 4 дақиқаю 39 сония ба рақибаш ғалабаи соф (иппон) ба даст овард ва ба 1/8 финал баромад.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ рақиби Расул паҳлавони узбак Наврӯз Ҷӯрақобилов буд. Расул ӯро дар муддати 2 дақиқаю 26 сония бо иппон шикаст дод.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Расул бо Рики Накая (Ҷопон), қаҳрамони ҷаҳон, рақобат кард. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии паҳлавони ҷопонӣ анҷом пазируфт. Ба Расул ду огоҳӣ дода шуд ва рақибаш соҳиби имтиёз (юко) гардид. Расул Боқиев, ки муборизаро барои нишони биринҷӣ идома дод, ноком гашт. Рақиби ӯ Уго Легранд (Фаронса) буд. Расул дар ин рақобат низ 2 огоҳӣ гирифт. Ба рақибаш имтиёз (юко) дода шуд ва ӯ муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод.

Дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 73 кг Мансур Исоев (Русия) бар Рики Накая (Ҷопон) ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ ва медали тило мушарраф шуд. Рики Накая бо медали нуқра сарфароз гардид. Ням Очир Сайнҷаргал (Муғулистон) ва Уго Легранд (Фаронса) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Расул Боқиев мақоми ҳафтумро касб кард.

Муштзан Ҷаҳон Қурбонов бегоҳи 30-юми июл дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ аз Яҳё Элмекачари (Тунис) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 8:16 (2:6, 3:4, 3:6) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Якуми август Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, дар сабқати бокс дар вазни то 56 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ бо Оскар Валдес (Мексика) рӯбарӯ хоҳад шуд. Пеш аз сабқати муштзанҳо фардо Парвиз Собиров дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад. Рақиби ӯ дар даври 1/16-ниҳоӣ Мелони Робертои итолиёвӣ мебошад.

Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, бар асоси қуръакашӣ дар сабқати бокс миёни занон дар вазни то 60 кило аз даври чаҳорякниҳоӣ ширкат меварзад. Рақиби ӯ рӯзи 5-уми август муайян мешавад. Мавзуна бо ғолиби ҷуфти Михаэла Лакатус (Руминия) ва Чэн Дун (Чин) рӯзи 6-уми август қувваозмоӣ хоҳад кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

1-уми август
Дзюдо. 13.12. Парвиз Собиров (то 90 кг, 1/16 финал).
Бокс. 18.15. Анвар Юнусов (то 56 кг, 1/8 финал).

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

6-уми август
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG